Дар зарфи 6 моҳи соли 2024 додгоҳҳои Русия дар бораи ихроҷи ҳудуди 86 ҳазор хориҷиён қарорҳо содир намуданд, ки ин ба шумори қарорҳои тамоми соли 2022 баробар аст. Дар ин бора нашрияи «Важные истории» хабар медиҳад.
Интизор меравад, ки теъдоди умумии хориҷшудагон дар соли 2024 аз нишондиҳандаҳои соли гузашта ва давраҳои то пандемия зиёдтар хоҳад буд. Пас аз оғози пандемияи коронавирус дар соли 2020, ҳукумат ба муҳоҷирон сабукиҳо дод, ки ба онҳо имкон медод дар кишвар бимонанд, муҳлати амали ҳуҷҷатҳоро тамдид кунанд, аз ҷумла ба ихроҷи хориҷиён моратория ҷорӣ шуд.
Шумори парвандаҳои маъмурӣ дар бораи қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират меафзояд. Аз моҳи январ то июни соли 2024 ба додгоҳҳо 124 ҳазор парвандаи маъмурӣ дар робита бо вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ворид шудаст. Аксари онҳо (тақрибан 100 ҳазор) ба вайронкунии қоидаҳои вуруд ё зисти хориҷиён дар Русия марбутанд (модд.18.8 КҲМ). Илова бар ин, 16 ҳазор парванда бо фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии муҳоҷирон дар Русия иртибот дорад.
Ҳаҷми ҷаримаҳое, ки додгоҳҳо ба муҳоҷирон таъин мекунанд, низ афзоиш ёфтааст. Танҳо дар ним соли аввали соли 2024 муҳоҷирон ба маблағи 590 млн рубл ҷарима шуданд, ки ин қариб ба тамоми маблағи ҷаримаҳои соли 2023 баробар аст.
Шумори ҷиноятҳои муҳоҷирон қариб тағйир намеёбад
Аз моҳи январ то июни соли 2024 дар Русия 10 ҳазор хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тибқи моддаҳои ҷиноятӣ маҳкум шуданд, ки 92%-и онҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ мебошанд. Хориҷиён 4%-и маҳкумшудагонро аз рӯи моддаҳои ҷиноятӣ ташкил медиҳанд ва ин нишондиҳанда дар солҳои охир начандон тағйир ёфтааст.
Соли 2020 додгоҳҳои Русия нисбати 16,2 ҳазор муҳоҷирон (3,06% аз шумораи умумии маҳкумшудагон), соли 2021 — 19,2 ҳазор (3,4%), дар солҳои 2022 ва 2023— тақрибан 22 ҳазор (3,77% ва 4%) ҳукм содир намудаанд.
Сол то сол шумори ҷиноятҳое, ки муҳоҷирон барои онҳо дар Русия маҳкум мешаванд, қариб якхел боқӣ мемонанд. 24,6%-и муҳоҷирон барои қалбакӣ кардани ҳуҷҷатҳо, 20% - барои дуздӣ, 18% - барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва 12% - барои ҷиноятҳои зӯроварӣ (зарар ба саломатӣ, роҳзанӣ, таҷовуз ва куштор) маҳкум шудаанд. Тайи 5 соли ахир ин нишондиҳанда қариб тағйир намеёбад. Боз 0,7% (76 нафар) бо моддаҳои террористӣ маҳкум шудаанд.
Ҳамзамон мақомот иддао мекунанд, ки ҷинояткории муҳоҷирон афзоиш ёфтааст, аз ҷумла ҷиноятҳои ифротгароӣ (экстремистӣ) ва таҷовузҳо. Ба гуфтаи раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, шумораи ҷиноятҳои вазнин, ки аз ҷониби муҳоҷирон содир мешаванд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, дар ҳамин ҳол, натанҳо миёни калонсолон балки байни ноболиғон низ.
Фишор болои муҳоҷирон меафзояд
“Тирамоҳи соли 2024 ба парлумони Русия як қатор лоиҳаҳои қонунҳо дар ин робита пешниҳод шуданд. Ғайр аз ин, пешниҳод шудааст, ки ба Русия овардани оилаҳои муҳоҷирон манъ шавад. Вазорати маорифи Русия тавсия дод, ки теъдоди фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро хуб намедонанд, дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд карда шавад. Дар баъзе минтақаҳо ба онҳо кор кардан дар соҳаҳои муайян, аз қабили таксӣ, савдо, тандурустӣ ва маориф манъ шудааст.
Аз моҳи феврали соли 2025 мақомоти пулис барои баъзе қонуншиканиҳои маъмурӣ, масалан, барои "таблиғи ҳамҷинсгароӣ (ЛГБТ) ва педофилия", нӯшидани машрубот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва вайрон кардани қоидаҳои рафтор дар варзишгоҳҳо метавонад муҳоҷиронро бидуни қарори додгоҳ аз кишвар хориҷ кунад”, - зикр мекунад нашрия.
Дар пасманзари камшавии теъдоди муҳоҷирон дар кишвар, фишори додгоҳҳо ба хориҷиён дар ҳоли афзоиш аст. Бино ба маълумоти Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии назди президенти Русия (РАНХиГС), соли 2023 дар Русия тақрибан 3,5 млн нафар муҳоҷирон кор мекарданд, ки ин назар ба давраи то пандемия тақрибан 1 млн нафар камтар аст. Мақомоти омор (Росстат) низ зикр мекунад, ки соли 2023 ба Русия танҳо 560 ҳазор муҳоҷир ворид шудаанд, ки ин камтарин нишондиҳанда аз соли 2013 инҷониб мебошад.
Дар ҳамин ҳол, аҳолии Русия аз соли 2018 ба ин тараф коҳиш меёбад, ки ба камшавии таваллуд, маргумири зиёд ва рафтани шаҳрвандон ба хориҷа рабт дорад. Тибқи ҳисоби демографҳои Пажуҳишгоҳи Донишгоҳи олии иқтисодӣ (НИУ ВШЭ), барои нигоҳ доштани аҳолии Русия дар сатҳи 146 млн нафар ва ҳамзамон имкони масалан, пардохти нафақа, таъмини рушди иқтисод ва афзоиши даромади одамон, Русия ҳар сол бояд аз 390 ҳазор то 1,1 млн нафар муҳоҷир ҷалб кунад.