Нисбати сокини 22-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар робита ба даст кашидан аз адои хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ин ҷавон аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардааст.
“Ӯ дар даъвати тирамоҳӣ бо баҳонаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бе ягон сабабҳои узрнок ба Комиссириати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҳозир нашуда, ба Русия рафтааст”, - омадааст дар хабар.
Нисбати ӯ бо қисми 1 моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Мувофиқи қонунгузорӣ ин ҷавон метавонад ба маблағи зиёд ҷарима (то 72 ҳазор сомонӣ) ё ба муҳлати то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.
Дар бораи мавриди ҷустуҷӯ эълон шудани ин ҷавон хабар дода намешавад.
Маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ
Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷараён дорад, ки то охири моҳи ноябр идома меёбад. Айни замон то кадом сатҳ иҷро шудани нақшаи даъват маълум нест. Қаблан аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки маъракаи мазкур дар арафаи анҷомёбист.
То замони нашри ин хабар тамос гирифтан бо маркази матбуоти Вазорати мудофиа муяссар нашуд. Дар сомонаи Вазорат доир ба ҷараёни иҷрои нақшаи даъват маълумот дода намешавад, ҳарчанд солҳои пешин доимо навсозӣ мешуд.
Дар Вазорати мудофиа зикр крада буданд, ки то 25 октябр чанде аз ноҳияҳо, аз ҷумла 2-3 ноҳияи вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ҳоло нақшаро иҷро накардаанд. Дар ҳамин ҳол, дар пойтахт, минтақаи Рашт, ВМКБ ва вилояти Хатлон нақшаи даъват пурра иҷро шудааст.
Барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, барои саркашӣ аз адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳам ҷазои маъмурӣ ва ҳам ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи моддаҳои 683 ва 691-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда барои ба қайд гузоштан, аз муоинаи тиббӣ ва омӯзиш гузаштан, инчунин дидаву дониста саркашӣ кардан аз гирифтани даъватнома бидуни сабабҳои узрнок, ситонидани ҷарима ба маблағи аз 5 то 12 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.
Аммо агар даъватшаванда барои ҳозир нашудан сабабҳои узрнок дошта бошад, ҷазо татбиқ намешавад. Дар ин ҳолат ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи сабабҳои узорнок дар давоми 10 рӯз аз замони гирифтани даъватнома муҳим аст.
Агар дар амалҳои даъватшаванда аломатҳои дидаву дониста аз хидмат саркашӣ кардан бидуни асосҳои қонунӣ ошкор шавад, ин шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешавад.
Бар асоси моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои саркашӣ аз даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ё аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ бе асосҳои қонунӣ, ҷарима аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ) ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст.
Дар ин маводи мо дар бораи ба киҳо дода шудани ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хидмат ва арзиши навъи алтернативии адои он маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.
Tcell совместно с Ilmhona и Re-skill открывает доступ к ИИ-образованию для пользователей в Таджикистане
Вместо хаджа. Как обычные таджикистанцы строят школы и больницы на свои деньги
Афиша от «Азия-Плюс»: поиск следов динозавров, «Мир лучших саундтреков» и ярмарка «Время чудес»
В Таджикистане заметно снизились доходы частных операторов связи
Более полугода назад маленький таджикистанец Сулаймон получил укол «Золгенсмы». Как малыш сейчас?
Таджикская экоорганизация «Маленькая Земля» получила премию ООН Gender Just Climate Solutions
Загрязнение воды, выброс отходов и вырубка деревьев: в Таджикистане увеличили штрафы
Озоди: Более 100 чиновников были допрошены по делу журналиста Ахмада Ибрагима
В Таджикистане снизили стоимость электричества для производителя удобрений – «Азот»
Душанбе Сити Банк уже подарил 4 приза — успейте и вы!
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста