Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 5-уми декабр дар як мулоқоти хосааш бо додрасҳои тоҷик аз кори онҳо сахт интиқод кард ва гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.
Аксари муроҷиатҳо ба норозигӣ нисбат ба санадҳои додгоҳӣ рабт дорад
Ӯ, ки баъди ба истифода додани бинои нави Додгоҳи олии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, қисми зиёди муроҷиатҳо аз кори додрасҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ба кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо ва норозигӣ нисбат ба санадҳои додгоҳӣ рабт дорад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз соли 2020 то 10 моҳи соли 2024 аз кори додрасҳои тоҷик ба дастгоҳи президент 4 ҳазору 332 муроҷиат ворид гардидааст, ки бархеи онҳо “бинобар яктарафа баррасӣ гардидани даъвоҳо такрор ба такрор муроҷиат” кардаанд.
Вай иттилоъ дод, ки дар ин давра ба Додгоҳи олӣ 2 ҳазору 320 муроҷиати шаҳрвандон доир ба кирдори додрасҳо ва кормандони додгоҳ ворид ва баррасӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол ӯ нагуфт, ки ба ин ҳама муроҷиатҳо чӣ гуна расидагӣ карда шуд ва чанд нафар ҷазо гирифтанд.
Нигаронӣ аз зиёд шудани ҷинояткорӣ дар низоми додгоҳӣ
Вале аз ҷиноятҳои додрасҳо, махсусан фасодкорӣ нигаронӣ кард ва омор ҳам овард. Ӯ гуфт, дар 10 соли охир, (2014-2024) нисбати 45 додрас, муовин ва раиси додгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз гардида онҳо зиндонӣ ё аз сафи додгоҳ пеш карда шуданд.
Вай иттилоъ дод, ки дар ин давра дар маҷмуъ, 107 корманди мақомоти додгоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд, ки асосан фасодкорӣ аст.
“Ҷиноятҳои содиршуда, асосан, дорои хусусияти коррупсионӣ, аз ҷумла қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, ришвагирӣ, баровардани ҳукми ноодилона аз ҷониби судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мебошанд”, - изҳор дошт раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ кард, ки сол аз сол ҷиноятҳо аз сӯи додрасро зиёд мешавад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ 16 корманди ин ниҳод 26 ҷиноят содир кардаанд.
“Ягон раиси суд хизмат намекунад ва ба қадри хизмат ҳам намерасад”
Вай ба таври мисол, аз қазияи раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёдоварӣ кард, ки барои латукӯби як марзбон аз вазифааш ронда шуд.
Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи ин ноҳия моҳи июли имсол ба латукӯби як сарбози Кӯшунҳои сарҳадӣ муттаҳам шуда буд, аз вазифа барканор ва аз мақомоти додгоҳӣ ронда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати дирӯзаи худ гуфт, ӯ бо дағалона вайрон кардани на танҳо кодекси одоби додгоҳӣ, балки оддитарин одоби инсонӣ сарбози қушунҳои сарҳадиро ҳангоми адои хизмат дар сарҳад дашном ва латукӯб кардааст.
“Вай (сарбоз, - редаксия) хизмат карда истодааст, савганд ёд кардааст, вай вазифадор аст. Латукӯб кардан чӣ маъно дорад? Ту фарзанд надорӣ? Ана барои ҳамини фарзанди ягон раиси суд хизмат намекунад ва ба қадри хизмат ҳам намерасад”, - таъкид кард раисҷумҳур.
“Баъзе додрасҳо парвандаҳоро беаҳамиятона баррасӣ мекунанд”
Дар идома, президенти кишвар аз камбудиву норасоиҳои дигари додрасҳо, аз ҷумла риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо насупоридани санадҳои додгоҳӣ, бекоршавии санадҳои додгоҳӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон танқид кард.
Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки баъзе додрасҳо парвандаҳоро беаҳамиятона баррасӣ карда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд.
Чунин тарзи муносибат, ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар, боиси татбиқи нодурусти қонунҳо, қабули санадҳои ғайриқонунӣ ва дар ниҳоят, бекор шудани қарорҳои қабулкардаи додрасҳо мегардад.
“Бо ҳамин сабаб дар зарфи солҳои 2020 – 2023 ва нӯҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби судҳои болоӣ беш аз 1700 қарори судҳои поёнӣ бекор гардидааст”, - баён дошт раисҷумҳур.
Инчунин, тибқи гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, қариб 1400 ҳолати риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Беш аз 1 ҳазор санади додгоҳӣ бекор ва тағйир дода шудааст
Ӯ дар идома дар бораи бекор шудани санадҳои додгоҳӣ, ки аз сӯи додрасҳо содир мешавад, таваҷҷуҳ кард ва гуфт, ин чиз сабаб мешавад, ки мардум сарсону саргардон шаванд.
Ба иттилои президент, аз соли 2023 ва 9 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 1008 санади додгоҳӣ бо парвандаҳои ҷиноӣ, (709 санад бо эътирози додситонҳо ва 299 санад бо шикояти кассатсиониву назоратӣ) бекор ва тағйир дода шудааст.
“Шумо тасаввур мекунед, ки чунин рафтори баъзе судяҳо боиси чӣ қадар сарсону саргардон шудани маҳкумшудагону ҷабрдидагон ва аҳли оилаи онҳо, инчунин, сарфи беҳудаи вақт гардидааст?”, - савол гузошт раисҷумҳур ба додрасҳои кишвар.
Ҳамчунин, раисҷумҳур зикр кард, ки дар соли 2023 бо эътирози кассатсионии додситонҳо 11 ҳукми ғайриқонунии додгоҳӣ бинобар таъин гардидани ҷазои сабук бекор гардидааст.
Бори аввал нест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ кард. Ӯ 5 сол пеш низ дар суҳбат бо додрасҳо гуфта буд, ки “амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад”.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.
Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.
Таджикские IT-таланты. Как наши соотечественники покоряют зарубежные платформы
«Репортеры без границ»: в 2024 году в мире погибли 54 журналиста
«Алиф» получил награду Mastercard за запуск Google Pay в Таджикистане
Афиша от «Азия-Плюс»: долгожданная Tarona Music Award-2024, «Вечер русского рока» и зимняя ярмарка ремёсел
Банк Эсхата запустил новый сервис по покупке авиабилетов
В Таджикистане планируют выпускать займы для устранения последствий стихийных бедствий
В Душанбе обсудили сотрудничество Таджикистана и Южной Кореи в сфере минеральных ресурсов
Лидер захватившей в Сирии власть группировки вернул родителям конфискованную квартиру в Дамаске
Рейтинг безопасности. Кто его составляет, и насколько ему можно доверять?
Таджикистан ускорит согласование документов по миграции во время председательства в СНГ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста