24-уми июл аз оғози амалиёти махсуси низомӣ дар шаҳри Хоруғ як сол сипарӣ мешавад. Ин амалиёт баъд аз куштори сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, генерал Абдулло Назаров сурат пазируфт.
Имрӯз вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Хоруғ 41 нафар ба ҳалокат расидаанд. Вай афзуд: «Вобаста ба масъалаи Хоруғ суоли асосие, ки дар Женева (9-10 июли соли ҷорӣ зимни баррасии гузориши дуввуми давраии давлати Тоҷикистон дар робита ба иҷрои Паймони байнулмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ - тавзеҳи «Азия-Плюс» ) бардошта шуд, ин теъдоди шахсони фавтида буд. Дар гузоришҳо ва маълумоте, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дошт, гӯё беш аз 100 нафар дар амалиёти Хоруғ фавтида бошанд. Дар Женева намояндагони прокуратураи генералӣ ҳам дар ҳайати мо буданд. Мо иброз доштем, ки ба ғайр аз 18 нафар сарбозону кормандони ҳукуматӣ, боз 23 нафар аҳолӣ дар он ҷо фавтидааст. Аз аҳолии осоишта 1 нафар бо тири дайду ва 1 нафар аз сактаи дил вафот кардааст. Баъдан ман дар расонаҳо дидам, ки гӯё ин чандон дуруст набошад. Мо аз мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурсон шудем, зеро шаҳодатномаи вафотро ин мақомот медиҳад. То имрӯз 18 нафар шаҳодатномаи вафот гирифтаанд ва аз ин теъдод 17 нафарашон бо сабаби захми тир нишон дода шудааст аст ва як нафарашон сактаи дил. Ин рақамҳои мо бо арқоми пешниҳодкардаи прокуратураи генералӣ тақрибан мувофиқ аст. Бояд гӯем, ки санҷиши ҳодисаҳои Хоруғ ба итмом нарасидааст ва идома дорад».
Rustam Mengliev from AsiaPlus on Vimeo .
Пиромуни ҳодисаҳои Хоруғ ва пайомадҳои он хабарнигори «Азия-Плюс» назари сиёсатмадорону коршиносон - раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҳайит ва коршиноси масоили амниятиву ҳарбӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Маҳдӣ Собировро пурсон шуд.
Khorugh korshinoson from AsiaPlus on Vimeo .
Муҳаммадалӣ Ҳайит: Аз ҳодисаҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузашт, як сол сипарӣ мешавад ва ин низоъи идорашавандае, ки аз тарафи мақомоти интизомии кишвар рӯйи саҳна омад, имрӯзҳо дар қалби мардуми тоҷик ва бахусус, мардуми Бадахшонзамин як таъсири хеле бад гузоштааст...
Сайфулло Сафаров: Албатта, чунин ҳодисаҳо наметавонанд дар шуури мардум бетаъсир бошанд. Фарзандоне, ки мо аз даст додем, барои ҳамаи мо ин хеле талх буд. Аскароне, ки дар он ҷо кушта шуданд, барои мардуми Тоҷикистон ин як фоҷиа буд. Вале дар маҷмӯъ халқи Бадахшон фаҳмид, ки чӣ масъалаҳое дар пеши рӯйи онҳо истодаанд ва чӣ гуна аз ин бунбаст берун бароянд.
Раҳматилло Зойиров: Аз ҷиҳати психологӣ ҳаминро гуфтан даркор, ки ин як муносибати золимона нисбат ба мардуми Хоруғ буд ва дар мағзи мардум то ҳамин дараҷа сахт ҷой гирифтааст, ки ман фикр мекунам, ҳоло даҳсолаҳо аз ёд намеравад.
Маҳдӣ Собиров: Ҳамаи ин воқеаҳое, ки дар Хоруғ ба амал омад, давоми воқеаҳои соли 1992 буд. Он одамони силоҳдоре, ки буданд, аз ҳамон гурӯҳҳое буданд, ки он вақт амал мекарданд ва то охир силоҳашон гирифта нашуда буд. Онҳо дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекарданд ва ба гурӯҳи силоҳдорон дохил буданд, ба ворид кардани сангҳои қимматбаҳо, маводи мухаддир ва тамокую дигар амалҳои ғайриқонунӣ сарукор доштанд.
Сайфулло Сафаров: Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҳамин масъала ва шароите, ки буд, тавонист, ки нисбат ба ҳамаи он мушкилоте, ки дар минтақа вуҷуд дорад, чораҳое пешбинӣ кунад ё нақшае дошта бошад, то нисбат ба ин минтақа бепарвоӣ дигар нашавад.
Раҳматилло Зойиров: Албатта, ман дарк мекунам, ки давлат амнияти худро таъмин карданаш даркор, дар ҳудуди ин кишвар истиқлолияташро таъмин карданаш даркор. Лекин ягон давлат ҳуқуқ надорад, ки ин истиқлолияту ин амнияти худро аз ҳисоби мардуми мазлум, аз ҳисоби мардуми оддӣ таъмин кунад.
Муҳаммадалӣ Ҳайит: Ҳоҷат барои баргузор кардани як чунин амалиёт аслан набуд. Агар гурӯҳҳои ба ном ҷиноятпешае, ки ҳукумат дар бораи онҳо ҳарф мезанад, эҳтимоли бо роҳҳои оперативӣ, бо роҳҳои ҷустуҷӯӣ дастгир кардан ва ба маҳбас кашидани онҳо вуҷуд дошт, вале ин корро истифода набурданд. Аввал машқҳои низомӣ дар моҳи май доир шуд ва баъд аз он амалиёти низомӣ болои мардуми бедифоъ. Бинобар ин, сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мо дар робита ба душманҷӯӣ кардан дар чеҳраи мардуми худ, бо ин ё он тӯҳмат мардумро ба маҳбас кашондан сиёсати иштибоҳӣ ва ноком аст. Имрӯз ҳам аксари мардуми Тоҷикистон, бахусус, мардуми Бадахшон ба ин ҳукумат боварӣ надорад...