Фонди ҷамъиятии профессор Иброҳим Усмонов «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар ҷаласаи навбатии худ - 22-юми август бо роҳбари котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ Бӯри Каримов вохӯрӣ баргузор мекунад.

Профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вохӯрӣ дар мавзӯи «Рӯйдодҳои феврали соли 1990 дар Душанбе: овоза ва ҳақиқат» доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки он замон ҳукуматдорони ҶШС Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои вазирон, раиси Госплани кишвар Бӯрӣ Каримовро дар ташкили бетартибиҳо дар пойтахти Тоҷикистон, ки аввали моҳи ферали соли 1990 рух дода буданд, гунаҳкор намуданд.

Сипас ҳукумати онвақтаи ИҶШС ба Душанбе нерӯҳои низомӣ ворид намуда, вақти комендантӣ эълон кард. Бар асари ин бетартибиҳо 25 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида буданд.