Департаменти давлатии ИМА дар гузориши рӯзи 14 октябр интишорнамудааш оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон дар соли 2014 изҳор намуд, ки ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи мубориза бо ифротгароиву терроризм, бо исломи муътадил низ рақобат мекунанд.
Дар робита ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳабси афроди гумонбар ба алоқамандӣ доштан ба гурӯҳҳои манъшудаи динӣ идома медиҳад ва дар ҳамин ҳол, оид ба амалҳои зӯроваронаи онҳо дар ҷумҳурӣ айбномаҳои мушаххас вуҷуд надоранд.
Департаменти давлатии ИМА тибқи қонунгузорӣ манъ шудани ба масҷид рафтани шахсони синни то 18-сола ва ба занони тоҷики мусалмони мазҳаби ҳанафӣ манъи ҳузур доштан дар маросимҳои диниро аз маҳдудиятҳо дар ин самт унвон карда, изҳор доштааст, ки ба занони дигар равияҳои мазҳабии муқими Тоҷикистон ин амал иҷоза дода шудааст.
«Ҳукумати Тоҷикистон ба назорати қатъии маводи матбуотӣ дар бораи дин ва чорабиниҳои дорои хусусияти динӣ идома медиҳад», - омадааст дар гузориш.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки аз ҷониби мансабдорони давлатӣ поймолкунии ҳуқуқи чанде аз занону духтарони ҳиҷобпӯш вуҷуд дошта, онҳо дар муассисаҳои давлатӣ имкони кор кардан надоранд ва ҳамчунин ба мактаб ҳам рафта наметавонанд.
Департаменти давлатии ИМА хотиррасон мекунад, ки Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ бақайдгирии «Шоҳидони Яҳво» ва ҳамчунин калисои протестантиро рад мекунад.
Дар гузориш қайд мешавад, ки бо аҳолии 8,1 млн. нафар (июли соли 2014) 90%-и аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд. Аксари мусалмонони Тоҷикистон чун дар тамоми Осиёи Марказӣ пайравони мазҳаби ҳанафии равияии суннии ислом мебошанд. 4%-и мусалмонони кишвар намояндагони мазҳаби исмоилия мебошанд, ки аксари онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқомат доранд.
Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин гуфта мешавад, дар Конститутсияи Тоҷикистон бо шумули интихоби мазҳаб озодии динӣ пешбинӣ шудааст. «Дар қонунгузорӣ дини расмии давлатӣ вуҷуд надорад, аммо дар ҳамин ҳол, ҳукумат «мақоми махусус»-и мазҳаби ҳанафиро эътироф мекунад», - баён мегардад дар гузориш.
Топ самых используемых приложений, которые облегчили нам жизнь в 2024
Еще жарче: 2024 год стал самым теплым за всю историю наблюдений с 1850-х
«Манчестер Сити» купит узбекского футболиста за рекордную сумму
Global Firepower: Таджикская армия остается самой слабой в Центральной Азии
Франция и Таджикистан: укрепление связей продолжится и в 2025 году
Папа может! Что такое вовлеченное отцовство и почему важно, чтобы оно было в Таджикистане?
Иранская компания планирует производить лифты в Душанбе
В Лос-Анджелесе число жертв пожаров достигло 10 человек
В МВД России отметили снижение количества совершенных мигрантами преступлений
Как выбрать первое авто для начинающего водителя: практическое руководство
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста