Дар давраи аз 24 феврал то 1 март дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Бо мақсади ба иҷро расонидани Протоколи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукумматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳад, ки 24 феврали соли 2018 дар Фарғона ба имзо расид, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба лоиҳаи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад замима таҳия шуд.
Ба имзо расидани шартномаи мазкур зимни сафари давлатии қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон Шавакат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 март) дар назар аст.
Дар маълумоти Вазораи корҳои хориҷии Ӯзбекистон зикр мегардад, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардиданд.
Тавре қаблан як манбаи «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, айни замон Тошканду Душанбе дар масъалаи таъйин ва аломатгузори қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.
Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.
То соли 2002 ҷонибҳо 84% хати сарҳади байни давлатҳоро муайян карданд. Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.