Тоҷикистон ният дорад, ки Созиномаи равуои бераводид бо Ӯзбекистонро ҳафтаи оянда тасдиқ кунад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14 март Созишнома дар бораи тартиби рафтуомади шаҳрвандони кишварҳо ба қаламрави ҳамдигарро, ки зимни сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе санаи 9 март ба имзо расида буд, ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд.
Дар созишномаи мазкур равуои бераводиди шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар ба муҳлати то 30 пешбинӣ шудааст.
Тавре як манбаъ дар парлумони кишвар қайд кард, тасдқи ин созишнома аз ҷониби Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар назар аст.
«Рӯзи ҷумъаи наздиктарин созишнома дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва ҳафтаи оянда дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тасдиқ мешавад», - иброз дошт ӯ.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, танҳо бо доштани шиносномаи хориҷӣ ба сафар баромада метавонанд.
Дар бораи санаи мавриди амал қарор гирифтани Созишнома ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, маврид ба ёдоварист, ки барои мавриди амал қарор гирифтани Созишнома он бояд аз ҷониби парлумони Ӯзбекистон низ тасдиқ шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Ветровая и водородная энергетика: как опыт корейского острова Чеджу можно применить в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста