Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла «Азия Плюс», «Радиои Озодӣ», ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.
“Мо боварӣ дорем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс барои озодона баён намудани фикру ақидаи худ умумиҷаҳонӣ буда, аз истифодаи он дар майдони ҷамъиятӣ ва ё интернет вобастагӣ надорад”, - омадааст дар изҳороти нашршуда дар сомонаи сафорати ИМА дар ҶТ.
Сафоратҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъмин намояд.
“Мо боварӣ дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе тарсу сензура ва ё беҷазо кор карданро талаб менамояд”, - таъкид мешавад дар изҳорот.
Ғайр аз ин, қайд мешавад дар изҳорот, дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как Фонд Ага Хана помогал Таджикистану?
Антимонопольная служба назвала монополиста на рынке топлива в Таджикистане
КЧС Таджикистана: Полигон для обучения спасателей в Каратаге достроят в 2025 году
«Таджик Эйр» запускает рейсы из Душанбе в Рашт. Сколько стоит билет?
Таджикистан представил в ООН первый отчет о выбросах парниковых газов
Тарифы на электроэнергию в Таджикистане снова повысятся?
Мигрантов в РФ могут обязать покинуть страну по истечении трудового договора
Эмомали Рахмон выразил соболезнования Имамату исмаилитов в связи с кончиной Принца Ага Хана IV
Стали известны потенциальные соперники таджикских клубов: каким будет Silk Road Cup
Таджикистан увеличил импорт племенного скота
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста