Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бақайдгирии номзад ба мансаби президентӣ дар интихобот аз Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзодаро рад кард.
Худи Усмонзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ният надорад, ки аз болои ин қарор даъво пеш оварад, “зеро баҳсҳо сари ин масъала имрӯз бефоида аст”.
КМИР Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои барои сабт пешниҳодшудаи Саидҷаъфар Усмонзодаро рӯзи 14 сентябр дар ҷаласа баррасӣ намуд.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳо ба мансаби президентӣ барои сабтином дар КМИР, ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5% аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунанд.
Тибқи маълумоти КМИР, номзад аз Ҳизби демократ шумори зарурии имзоҳоро ба ҷонибдории худ ҷамъоварӣ карда натавонистааст. Дар маъракаи интихоботи президентии кунунӣ 5%-и имзои интихобкунандагон 245 ҳазору 100 нафар аст.
Қобили зикр аст, ки номзади худпешбаришуда, адвокати ҷавон аз Хоруғ Фаромӯз Иргашов низ бо ҳамин сабаб сабтином нашуд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр 5 номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд.
Номзадҳо ба мансаби президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешвоёни Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ - Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби коммунист - Мироҷ Абдуллоев ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - Рустам Раҳматзода расман сабтином шуданд.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.