Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар Исломобод 2 июн дар ҳузур сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисыумщур, зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Тоҷикистон ва Покистон” Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мавриди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
- Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;
- Созишнома дар мавриди ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома байни Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;
- Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Зикр мегардад, ки баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 ноября 2024 года
10 лет назад аппарат «Розетта» впервые сел на комету – благодаря труду женщины-астронома из Таджикистана
Госдума РФ приняла закон о запрете пропаганды чайлдфри
«Нет разрешения». Наземная доставка товаров из Китая в Таджикистан временно приостановлена
В России задумали проверять детей мигрантов на знание русского языка
В Казахстане предложили аннулировать оформленные мошенниками кредиты
Рогатки на базарах Душанбе. Их запретят?
ПЛАС-Форум Digital Tajikistan: инновации и тенденции для будущего Таджикистана
В Казахстане в ноябре начнут выдавать новые визы для иностранцев
Таджикистан и Свердловская область России начинают сотрудничество в сфере туризма
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста