Маскав ва Пекин нисбат ба мавқеи умумӣ дар мавриди толибон сари қарордоде нарасиданд, бинобар ин, аз таҳияи рӯзномаи ягона худро канор мегиранд.
Бекор шудани сафари Путин дар охирин лаҳза ба Тоҷикистон барои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як қатор саволҳоро ба миён овард ва кам касон бар ин боваранд, ки сабаби ин метавонад карантини маъмулӣ бошад, ки раҳбари Русия ба он ишора мекунад.
Ёдрас мекунем, ки дар бораи бекор шудани сафари худ Владимир Путин ҳамагӣ чанде пештар аз нишастҳои СҲШ ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 15 сентябр дар Душанбе оғоз гардиданд, хабар дод.
Дар суҳбати телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯ изҳор намуд, ки бинобар сабаби ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар атрофиёнаш ӯ бояд ба гӯшанишинӣ (самоизолятсия) гузарад.
Коршиносон ба ин далел шубҳа доранд.
Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигор, сиёсатшинос:
- Аз иштирок дар нишасти ҷашнии СҲШ даст кашидани Путин барои бисёриҳо ғайричашмдошт буд. Гузашта аз ин, Путин инро ҳамагӣ як рӯз пеш аз сафараш эълон кард.
Ман аслан ба фарзияи расмии марбут ба карантин бовар намекунам. То ҷое, ки огаҳам, Путин дар тобистон эм карда шуда буд ва ваксинаи русии “Спутник”-ро густарда таблиғ мекард, аз ин рӯ изҳороти президенти Русия то андозае ба таблиғи зидди ин ваксина табдил ёфт. Аммо дар асл, бекор шудани сафараш метавонад чанд сабаб дошта бошад.
Аввал, изҳорот баъди аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин бекор шудани иштирокаш дар нишастҳо садо дод, бинобар ин, метавон тахмин кард, ки президенти Русия тасмим гирифтааст, ки агар раҳбари Чин наояд, пас ӯ низ набояд ба Душанбе равад.
Сабаби дуюм ин аст, ки Чин ва Русия бо ҳаракати Толибон равобити хуб барқарор кардаанд, аз ин рӯ, Маскав ва Пекин ба мавқеи Душанбеи расмӣ, ки ошкоро ба ҳама гуна ҳамкорӣ бо Толибон мухолиф аст, ҳамсон нестанд.
Сабаби сеюм дар он ифода меёбад, ки дар ин нишаст аз як сӯ байни Чину Покистон ва аз сӯи дигар Ҳиндустону Тоҷикистон метавонист ихтилоф сар занад. Русия, ки қариб бо ҳама кишварҳо равобити хуб дорад, бояд мавқеи худро дақиқ муайян мекард. Эҳтимол, Путин тасмим гирифт, ки мавқеи интизориро ишғол кунад.
Амирӣ Замон, сиёсатшинос:
- Ба эҳтимоли зиёд, сабаб ин аст, ки Маскав ва Пекин дар бораи мавқеи умумӣ дар бораи Толибон ба мувофиқа нарасиданд. Аввалан, раҳбари Чин ва сипас Путин ҳам аз сафар ба Душанбе худдорӣ карданд ва ба ақидаи ман, ин комилан мантиқист, зеро муколамаи асосӣ бояд байни онҳо сурат мегирифт.
Ба назари ман, Пекин ва Маскав дар мавриди вазъи Афғонистон аз ҳамдигар хушнуд нестанд. Маскав ба ваъдаҳои Толибон шубҳа карда, аз ин рӯ, баръакс, мехоҳад муқовиматро дар Панҷшер тақвият диҳад, аммо чиниҳо инро намехоҳанд.
Чин дар навбати худ Толибонро комилан дастгирӣ мекунад. Барои Чин Толибон ҳамеша омили асосии бесуботӣ дар Афғонистон ва монеа дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Пекин дар ин кишвар дониста мешуданд.
Тибқи мантиқи онҳо, агар бо Толибон тавофуқ ҳосил шавад, ин омили бесуботӣ аз байн рафта, барои Пекин дар Афғонистон имкониятҳои нав боз мешаванд.
Онҳо инчунин умедворанд, ки Толибон аз ҷудоихоҳони уйғур халос мешаванд ва бо назардошти изҳороти Толибон, онҳо қоидаҳои бозии амалгароӣ (прагматикӣ)-ро қабул кардаанд. Толибон даъво доранд, ки Чин барои онҳо кишвари дӯст буда, уйғурҳо ҷудоихоҳанд.
Аз ин рӯ, Пекин ва Маскав аз роҳандозии ташкили як барномаи умумӣ канорагирӣ мекунанд ва бинобар ин, Пекин аз ширкати бевосита дар нишаст даст кашида, Маскав низ ҳамин тавр рафтор кард. Ҳоло ҳама бозии шахсии худро роҳандозӣ карданианд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода, и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста