Ақидаи шӯхиомезе вуҷуд дошт, ки “Путин бо оғози ҷанг дар Украина COVID 19 –ро кушт, аммо пандемияи нав ба вуҷуд овард”. Воқеан, пас аз оғози ҷанг дар Украина ҳарф аз коронавирус камтар шуд.
Дар ҳоле, ки дунё раванди барқароршавӣ аз пандемияро оғоз мекард, бӯҳрони Украина пешрафти пас аз коронавирус ҳосилшударо зери суол бурд. Махсусан, вақте кишварҳои зиёд аз таъсири ин ҷанг, болоравии нархи нерӯи барқ ва ғизо, коҳиши гардишгарӣ ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалии сармояро эҳсос мекунанд.
Эҳтимоле вуҷуд дорад, ки миллионҳо хонавода ва корхонаҳои дар замони пандемия аз фаъолият бозмонда ё корашон беҳад заифшуда, бар асари фишорҳои дар назари аввал иҷтимоӣ-иқтисодӣ дубора ба мушкил рӯ ба рӯ гарданд. Пагоҳ, 24-уми феврал, аз оғози ҷанг дар Украина як сол мегузарад. Дар ин муддат кишварҳои дунё ба мушкилоти сиёсӣ – дипломатӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ гардиданд.
Аз ин ҷост, ки кишварҳои зиёд барои худ вариантҳои “А” ва “Б” таҳия карда, зарару манфиатҳои худро дар назар мегиранд.
Тоҷикистон, мисли замони COVID-19 барои мушаххас кардани мавқеи хеш нисбати ҷанги Украина ва Русия “саросема” нест, зеро то имрӯз Душанбеи расмӣ ягон изҳороти қотеона накардааст. Ин гуна мавқеъро баъзе таҳлилгарон дуруст ҳам мешуморанд.
Ба назари таҳлилгарон, ҳар низоъ дар баробари хавф метавонад манфиат низ дошта бошад. Барои Тоҷикистон кадом бештар аст?
Тоҷикистон бо кист?
Чанде пеш расонаҳо аз қавли Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия навиштанд, ки гӯё Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ҳамкорӣ бо Маскавро қатъ кунанд ва мавқеи “ҷониби ғолиб”-ро гиранд, зеро ба ақидаи онҳо, “Русия ҷангро бо Ғарб мебозад”.
Ба гуфтаи Лавров ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд чунин фишору таҳдидҳоро ба инобат гиранд ва Кремл дар ин росто чунин мавқеъ дорад:
“Мо исрор намеварзем, ки ҳамаи масъули сохтори иқтисодӣ дар ҳар кадоме аз давлатҳои ба мо дӯст субҳ сари минбар оянду бигӯянд, ки “мо мухолифи таҳримҳои зидди Русия ҳастем”. Ба мо кофист, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ба таҳримҳо ҳамроҳ нашуд”.
Сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён ҳанӯз дар оғози бӯҳрон бетарафиро барои Тоҷикистон беҳтарин мавқеъ эълон намуд ва гуфт, ки дар ҷойи холӣ баҳси сунъӣ ва бо тақдири ҳамватанони муҳоҷири меҳнатӣ бозӣ накунем.
Ба навиштаи ин сиёсатшиноси тоҷик, нигоҳе ба расонаҳои ҷаҳонӣ собит мекунад, ки ҷанги сард дар авҷ аст ва имрӯз кушиши зиёде барои радди маърака намудани Русия ҷараён дорад. Ин амалкард соҳаҳои ғайрисиёсӣ ба монанди варзиш, фарҳанг ва илму маорифро низ дарбар гирифта, оқибатҳои фалокатборе барои тамоми паҳнои Шӯравии собиқ дорад.
Шералӣ Ризоён менависад, ки маҳдудкунӣ ва маҷбуркунии нарм (аз қабили таҳримҳои иқтисодӣ ва ғайра) таъсири дуҷониба дорад ва ҳатман ба иқтисоди кишварҳои ғарбӣ низ бенатиҷа намешавад.
“Дар ин росто, бисёр муҳим аст, ки Тоҷикистон тарафдори яке аз ҷонибҳо шинохта нашавад, чун эҳтимоли таҳрим шудан зиёд аст. Ин албатта ба иқтисод ва сатҳи зиндагии мардуми кишварамон бетаъсир намемонад”, - менависад Ш.Ризоён.
Агар Русия мағлуб шавад...
Таҳлилгароне низ ҳастанд, ки сахт мутмаинанд: бохти Русия дар ин ҷанг ногузир аст.
Аз ҷумла, Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик ба ин назар, ки Русия ҳатман ин ҷангро хоҳад бохт, чун таҷовузгар аст ва дар асри 21 ғолиб омадани кишвари таҷовузгар ғайримантиқӣ, ғайриахлоқӣ ва ноодилона мебошад.
“Агар тарафҳо ба сарҳадҳои қаблазҷангӣ баргарданду сари мизи гуфтушунид нишинанд ҳам, ин бохти Русия аст, чун мардумаш ҳукуматдоронро барои талафоти ҷонии бемаънӣ ва “радди маърака” шудан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нахоҳанд бахшид”, - мегӯяд А.Қодиров.
Яке аз таҳлилгарони наздик ба Ҳукумати Тоҷикистон бидуни зикри ном мегӯяд, шояд ҷонибҳо сари мизи гуфтушунид нишинанд ва ҷанг бидуни ғалиб тамом шавад, аммо ин ба манфиати яке аз қудратҳо аст.
“Русия на бо Украина, бо Ғарб, хоса Амрико ҷанг дорад. Яке аз ҳадафҳои Амрико заиф кардани Русия аст, на пурра мағлуб кардани он, зеро ин кишвар дар муқобили рақаби дигар – Чин даркор хоҳад шуд”, - мегӯяд ин таҳлилгар.
Ба андешаи ин ӯ , Амрико аз ин ҷанг танҳо манфиат ба даст овард: Русияро дар инзиво гузошт ва ба кишварҳои ҷаҳон намоиш дод, ки ҳарфи ахирро дар сиёсати ҷаҳон кӣ мегӯяд, бо фурӯши аслиҳа даромади зиёди молиявӣ ба даст овард, давлатҳои аврупоиро бештар вобастаи худ кард. Ҳамчунин, дар шароити ҷангӣ маълум, ки “фирори пулӣ” пеш меояд ва аксари маблағҳо ба ҷои амн – Амрико хоҳанд рафт. Русия бошад, аз нигоҳи молиявию аслиҳа заиф шуд.
Бурд ва бохти Тоҷикистон
Алишер Илҳомов, мудири маркази таҳлилии Central Asia Due Diligence, мақараш дар Лондон, мегӯяд, дар умум заифшавии Русия дар бахши сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳарбӣ эҳсосшаванда аст ва ин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, то аз Русия фосила бигиранд ва дар сиёсати хориҷии худ нисбатан мустақил бошанд.
“Русия зери раҳбарии Путин доктринаеро ба мисли барқарории мавқеъҳои пешинаи Маскав қабул кардааст. Онҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ кор надоранд. Бештар аз пайи онанд, ки ин кишварҳо бо кӣ дӯстӣ доранд. Бахусус, дар бахши ҳарбӣ. Ҳоло эҳёи баъзе робитаҳо, аз ҷумла бунёди роҳҳои алтернативии нақлиёт ва боркашониро бо бозигарони дигари минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мушоҳида мекунем, аммо бо сабабҳои маълум дар мавриди мустақилии сиёсӣ пешравии зиёд дида намешавад”, -мегӯяд Алишер Илҳомов.
Мирзо Салимпур, журналисти тоҷик бошад, ба он бовар аст, ки шикасти Русия хатари фурӯпошии онро меафзояд ва эҳтимол аст, кишварҳои мустақиле чун Доғистон, Чеченистон, Урал ва Шарқи дур зуҳур кунад.
“Дар ин ҳол, мушкили хос вобаста ба муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон пеш меояд. Зеро шурӯи чунин раванд метавонад рӯи бозори кори ин кишварро барои муҳоҷирони тоҷик дастикам барои чанд сол бандад”, - мегӯяд М.Салимпур.
Масъалаи дигар барои Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти асосии содиротӣ (алюминий ва пахта) аст, ки то ин замон ба Аврупо тавассути қаламрави Русия ирсол мешуд. Ба андешаи М.Салимпур, оғози ҷанг дар интиқоли борҳо аз тариқи қаламрави Русия мушкил эҷод намуд ва дар сурати мағлубияти Русия, маҳдудият барои Тоҷикистон боз ҳам бештар мегардад.
Ба андешаи ин журналисти тоҷик, мағлубияти Русия дар ҷанг барои Тоҷикистон манфиат низ метавонад биёрад ва ин коҳиши вобастагии сиёсии Душанбе аз Маскав аст.
“Аммо эҳтимоле низ ҳаст, ки ба курсии холимондаи “бародари калонии Тоҷикистон” метавонад Чин бишинад. Фикр мекунам, ин ҳам ба тарафдорони ҳукумат ва ҳам ба мухолифони он хуш намеояд”, - мегӯяд М.Салимпур.
Чин ҷойгузини Русия?
Абдумалик Қодиров низ ба тақвияти эҳтимолии мавқеи Чин дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, онро аз зовияи хатар “аз он сӯи Ому” баррасӣ мекунад.
Ӯ мегӯяд, аз назари ҳарбӣ заиф гаштани Русия имконоти ин кишвар дар таъмини амнияти Тоҷикистон аз хатарҳои беруна, ба хусус Афғонистонро ба маротиб кам мекунад.
“Кишвари мо дар ин масъала куллан ба пойгоҳи ҳарбии Русия такя менамояд. Ин вобастагӣ на танҳо аз лиҳози аслиҳа аст, балки имиҷӣ ҳам ҳаст. Нақши рӯи об шудани овозаҳо дар бораи “армияи дуввуми ҷаҳон” будани лашкари Русия метавонад ҷоҳталабони он тарафи Омуро “шердил” кунад, ки ин ба нафъи мо нест”, - мегӯяд А.Қодиров.
Ба андешаи ӯ, дар чунин шароит Тоҷикистон пеши интихоб қарор мегирад: тақвияти нерӯҳои ҳарбии худ аз буҷаи касод ё интихоби “шарики стратегии нав”.
“Мо интихоби зиёд надорем ва танҳо Чин аст, ки метавонад ҷои русҳоро гирад, ки ба фоида мо нест, зеро Чин, ба фарқ аз Русия, ҳар як тини худро ҳисоб мекунад ва ба ивази кафолати амният метавонад чизҳои зиёдеро талаб кунад”, - мегӯяд А.Қодиров.
Таъсири Туркия ё иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказӣ
Баъзе аз коршиносон тақвияти нуфузи Туркия дар минтақаро яке аз эҳтимолиятҳои дигаре мегӯяд, ки дар сурати шикасти Русия метавонад иттифоқ афтад ва ин барои Тоҷикистон бад аст.
Эҳсос мешавад, ки Туркия худро ба сифати қудрати минтақавӣ муаррифӣ мекунад. Чандин иқдоми якҷояи кишварҳои туркзабони минтақа маҳз пас аз ҷанги Украина авҷ гирифт.
Ба андешаи коршиносон, чунин талошҳои Туркия ҳоло танҳо ба манфиати қудратҳои феълӣ созгор меояд, ки барои заиф сохтани Русия равона шудааст.
Варианти дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки дар сурати шикасти Русия кишварҳои минтақа аз баҳри ҳама “бародарҳои калонӣ” баромада, худашон муттаҳид мешаванд. Чунин андеша ва тасмим ҳанӯз аз солҳои 90, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд ва гуфта мешавад, ки муаллифи он Нурсултон Назарбоев, президенти вақти Қазоқистон ба ҳисоб мерафт. Аммо ӯ дар ин тасмими худ бештар манфиатҳои иқтисодиро медид.
Равандҳои сиёсии кунунӣ нишон дод, ки муборизаҳои геополитикӣ ва хостаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақа фаротар аз ҳамкории иқтисодӣ будаанд.
Як манфиат аз шикасти Русия
Ҳамин тавр, ба андешаи аксари таҳлилгарон кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон наметавонанд худ тасмим гиранд ва барои имрӯзу оянда нақша кашанд. Яъне гузаштан аз баҳри “бародари калонӣ” ва “шарики стратегӣ” дар Осиёи Марказӣ ҳоло танҳо орзуи амалинашавандаро мемонад.
Дар сурати шикасти Русия кишварҳои минтақа танҳо як манфиат метавонанд дошта бошан: нисбатан арҷ гузоштан ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон!
Гуфта мешавад, дар натиҷаи то ҷое арзишӣ шудани ин масъалаҳо тасаввуротҳо дигар мешаванд ва шояд заминаҳо барои дар оянда аз ҷониби худи кишварҳо кашидани дурнамо пайдо мешавад.
Албатта ин кор дар ҳоле имконпазир аст, ки барои ин минтақа нақшаву сенарияи дигаре аз ҷониби қудратҳо накашида бошанд...
Аммо агар Русия ғалаба кунад...
Ҳарчанд дар доираҳои таҳлилии тоҷик ба ғалабаи Русия дар ин ҷанг чандон бовар надоранд, аммо мутмаинанд, ки дар ин сурат диктатура ва худкомагии дохилӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият ёфта, вобастагии давлатҳои минтақа аз “бародари бузург” бештар мешавад. Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, ҳоло маълум нест, ки “иштиҳои Путин ва Кремл то куҷост ва пас аз Украина боз навбати кадом кишвар метавонад бошад?”.
Ба назар мерасад, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд барои ҳарду ҳолат омода ва стратегияи муайяне дошта бошанд: “Нақшаи А” ва “Нақшаи Б”. То ҳол нашунидам, ки чунин таҳлиле анҷом шуда бошад.
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане ?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
ГЭС, ветровые и гелиостанции. В Узбекистане запустили 18 новых энергетических объектов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста