Имрӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия сафар кард. Ӯ дар Маскав чун нишони эҳтиром дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошт хотираи қаҳрамонони Русияро гиромӣ дошт.

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон дар қасри Кремл бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот намуд.

Хабаргузории РИА “Новости” хабар медиҳад, ки ҳар ду роҳбари давлат аз муносибатҳои байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ба навиштаи ин расона, Владимир Путин зимни мулоқот таъкид кардааст, ки квота барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русияро барои солҳои 2024-2025 то ҳазор адад зиёд мекунанд.

Ҷузъиёти дигари мулоқот ҳоло рӯшан нест.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ ба Русия рафт ва дар назар аст, ки ин сафар пагоҳ, 22-юми ноябр низ идома ёбад. Зимни ин сафар, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Михаил Мишустин низ мулоқот намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.