Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия Русия, ки ҳамроҳ бо дигар намояндаҳои ин кишвар барои иштирок дар ҷаласаи парлумонии ду кишвар ба пойтахти Тоҷикистон омад, мулоқот кард.
Тибқи иттилои манобеи расмӣ, зимни мулоқот муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия ва масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шудаанд.
Ҳамчунин, имрӯз ҷаласаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе бо иштироки Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҷаласа масоили рӯзафзун ва ҳалталаби дуҷонибаро дар бораи амнияти минтақавӣ, илм, маориф ва ҷанбаҳои гуманитарӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Русия муҳокима шудаанд.
Бояд гуфт, Шоҳин Самадӣ, сардори Раёстаи иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, аз парлумони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар ҷараёни ҳамоиши байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе масъалаи изҳороти тоҷикситезонаи як вакили парлумони Русия баррасӣ карда шавад.
Ин масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳарфҳои вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев перомуни дарси "Таърих" дар мактабҳои кишвар вокуниш кард ва гуфт, ки ин суханҳо ба сиёсати байни Тоҷикистону Русия латма хоҳад зад.
Михаил Матвеев рӯзи 5-уми октябр ба “NEWS.ru” гуфт, ки дар китобҳои таърихи Тоҷикистон ҳамроҳшавии Туркистон ба империяи Русия бо истилоҳоти “ҳуҷум”, “ишғол” ва “мустамликакунӣ” тавсиф мешавад.
Ӯ ҳадафи ин баёнияи баҳсбарангезу тоҷикситезонаи Матвеевро “бозӣ бо эҳсосоти интихобкунандагони “зудбовар”-и худ” номид, ки ба ӯ овоз додаанд, то вакили Думаи давлатии Русия интихоб шавад.
“Чунин изҳорот ғайр аз зарар ба шарикии стратегӣ ва иттифоқи Тоҷикистону Русия чизи дигаре намеорад”, - таъкид кард Шоҳин Самадӣ.
Ҳамасола ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд ва аксаран зери фишору таъқиби мақомоти ин кишвар қарор мегиранд. Махсусан баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд фишор болои тоҷикон афзоиш ёфт.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам чанд рӯзи охир аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия нигаронӣ карданд.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста