Имрӯз, 14-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт ва дар якчанд шаҳру навоҳии ин вилоят як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоиро боз кард.

Хадамоти матбуотии президент хабар дод, ки роҳбари давлат сараввал, дар шаҳри Левакант бинои нави таълимии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба истифода дод.

Бинои нав дар масоҳати 1,55 гектар сохта шуда, аз таҳхона, 7 ошёна барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқотии иқтисоди “сабз”, Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С муҳосибот иборат мебошад.

1/5

Дар филиал имрӯз беш аз 930 нафар аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла сайёҳат ва осоишгоҳи табобатӣ, хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ ва идораи давлатӣ ба таҳсил ҷалб гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои  бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуд.

1/3

Аз рӯйи лоиҳа бино аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 3, 5 ва 8-ошёна иборат мебошад. Бинои таълимии сохташавандаи филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.

Бунёди кӯдакистон дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои 250 нафар фарзандони кормандону омӯзгорон пешбинӣ шуда, он аз 3 ошёна ва як бинои асосӣ иборат аст.

Лоиҳаи дигари муаррифигардида гармхонаи типи нав аст, ки барои парвариши гулҳои ороишӣ пешбинӣ шудааст.

Гармхона дар масоҳати 360 метри мураббаъ замин бунёд гардида, парвариш ва нигоҳубини гулҳо дар он бо усули обдиҳии қатрагӣ роҳандозӣ гардида, дар дигар фаслҳои сол низ имконияти парвариш ва нигоҳубини хуби растанӣ мавҷуд аст.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири ҶДММ маҳдуди “Сомон Агро Саноат”-ро боз кард, ки он имкони дар шароити хуб нигоҳубини то 2 ҳазор тонна меваю сабзавотро доро мебошад.

1/5

Масоҳати дохили сардхона дар ду марҳила беш аз 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил намуда, дар умум дар он зиёда аз 4 ҳазору 500 тонна меваю сабзавот ҷойгир карда хоҳад шуд. Масоҳати умумии ҳудуди сардхона 5 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил намуда, ҳарорати дохили сардхонаро аз 5 дараҷа гармӣ то 10 дараҷа хунукӣ нигоҳ медорад.

Президенти кишвар дар ноҳияи Кӯшониён аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониён боздид кард.

Ба иттилои манбаъ, “Сомон-Бохтар” дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хуроки чорво ташкил медиҳад.

1/5

Дар хоҷагии мазкур, ки роҳбариашро Ҷобирзода Маҳмадтолиб ба уҳда дорад, 10 гармхона бунёд шудааст. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз гардида, соли 2016 аз тарафи Президенти мамлакат зимни як сафари корӣ ба истифода дода шудааст.

“Баъди бунёди гармхона 6 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд”, - гуфтааст хадамоти матбуотӣ.

Дар ҳамин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон, бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" шинос шудааст.

Бо бунёди корхона 30 номгӯйи мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад, ки беш аз 30 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии онро низ худи корхона истеҳсол менамояд.

Корхонаи мазкур соли 2024 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бинои маъмурии КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и назди ҳукумати шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” иштирок кард.

Гуфта мешавад, ки мақсади татбиқи лоиҳо ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ иборат мебошад.  

Арзиши умумии Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” 9,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

1/2

Дар сурати қабул гардидани марҳилаи дуюми Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” имконият мавҷуд аст, ки дар Корхонаи Воҳиди Давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон” воридсозии электробусҳои нав ба роҳ монда шавад.

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” аз ҷониби ҶДММ “Акиа Авесто” 39 адад автобуси мусофиркашонии тамғаи “Акиа-Ориё LE8” ба КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и ворид карда шудааст.  

“Аз шумораи умумии 41 воситаи нақлиёти ба корхона воридгардида, 11 адад автобус дар хатсайри Бохтар-Кӯшониён-Вахш фаъолиятро оғоз намудааст. Ҳамарӯза дар ин хатсайр аз 3500 то 4000 мусофир аз хизматрасонии босифати автобусҳо истифода мебаранд. Тасмими мазкур боиси хушҳоливу фараҳмандии сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атроф гардидааст. Зимнан бо ба истифода додани КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” кор дар хатсайрҳои дигар оғоз шуд”, - хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҳамчунин, бинои нави Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба истифода додааст.

1/2

​Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар қабатҳои якум, дуюм ва сеюми он қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корию маъмурӣ, китобхона бо махзани бойи адабиёти бадеиву соҳавӣ, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шудаанд.

Дар ин шаҳр президенти кишвар ҳамчунин, бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор дод.

Иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синфхонаҳо барои омӯзиш, толори маҷлис, ҷойи хоб, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад.

Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.