Тоҷикистон талош дорад Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон таъсис шавад ва Созмони Милали Муттаҳаид соли 2025-ро "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон кунад. Намояндаи Тоҷикистон дар СММ роҳи муассиртарин барои ин корро ворид кардани ин ташаббусҳо ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ медонад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ин маврид бо Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат мулоқоти маҷозӣ доир кардааст.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, ки мавзуи асосии ин мулоқот роҳҳои татбиқи ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, буд.
Намояндаи Тоҷикистон дар СММ гуфтааст, ки Маҷмаи Умумии СММ бо ибтикори кишвари мо ҳашт қатънома қабул кард ва кишвари мо борҳо дар сатҳи баланд ҳамоишҳои байналмилалӣ доир намуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ кардааст.
Дар чанд соли ахир прияхҳои Тоҷикистон ҳудуди 30% масоҳати худро аз даст додаанд ва коршиносону мутахассисони соҳаи экология мегӯянд, ин раванд идома дорад.
Дар ҳоли ҳозир, аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон як ҳазори он комилан аз байн рафтаанд. Аз ҷумла мутахассисон мегӯянд, ки пиряхи Федченко, ки яке аз бузургтарин пиряхи ҷаҳон маҳсуб мешавад, беш аз як километр масоҳати худ ё 2 километри кубии яхро аз даст додааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста