Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми сентябр дар Вохурии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъи башардӯстона дар Афғонистон шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ ва барои интиқоли борҳои башардӯстона ба ин кишвар замина фароҳам меорад.
“Дар баробари ин, мо афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Афғонистонро эҳсос мекунем. Солҳои охир мо ба кӯшишҳои рахна ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дучор шудаем. Чанде пеш мо аз ду кӯшиши рахна кардани сарҳад пешгирӣ кардем. Онҳо анҷоми як силсила амалҳои террористӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистонро ҳадаф қарор дода буданд”, - гуфт ӯ.
Ӯ қайд кард, ки ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир низ афзоиш меёбад.
“Рақамҳо равшан тасдиқ мекунанд. Соли гузашта танҳо мақомоти салоҳиятдори кишвари мо дар марз бо Афғонистон ҳудуди 5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд. Ин нисбат ба соли 2021 22 дарсад зиёд аст. Дар ин шароит мо бояд якҷо ва дастаҷамъона кор кунем”, - гуфт ӯ ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили амният муҳимтарин шарти татбиқи бомуваффақияти нақшаву тааҳҳудоти муштараки созанда аст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки барномаи ҳифзи марзҳои Осиёи Марказӣ таҳия шавад.
“Мо пешниҳод мекунем, ки ба таҳияи барномаи байнидавлатӣ оид ба ҳифз ва таҳкими сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кунем”, - гуфт раиси ҷумҳури Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи ӯ, идомаи машқҳои муштарак барои санҷиши сенарияҳо ва муқовимат бо таҳдидҳои анъанавӣ ва нави амниятӣ муҳим аст.

“Мо зарур мешуморем, ки системаи минтақавии пешгӯй, огоҳии барвақт ва вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шавад. Вазъ дар Афғонистон яке аз омилҳои калидӣ боқӣ мемонад, ки бевосита ба амният ва субот таъсир мерасонад”, - таъкид кард Мирзиёев.
Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон афзуд, ки муколамаи доимӣ ва ошкоро бо мақомоти кунунии Афғонистон ва ҳамгироии ин кишвар ба кишварҳои иқтисодии минтақа ниҳоят муҳим аст.
“Ӯзбекистон ният дорад, ки ба мардуми Афғонистон кӯмаки зарурӣ расонад”, - гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки Вохурии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор гардид ва дар он ҳамаи роҳбарони давлатҳои минтақа иштирок ва суханронӣ карданд.
В Тегеране пройдет заседание совместной комиссии Таджикистана и Ирана по торгово-экономическому и культурному сотрудничеству
В Москве ушла из жизни Людмила Шотемур
США пригрозили Китаю пошлинами до 245%
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Таджикистан и Иран обсуждают сотрудничество в экономике и безопасности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста