Дар шаҳри Алмато (Қазоқистон) нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон вохӯрии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардида, дар ҷараёни он стратегияи баланд бардоштании бехатарии мактабҳо ва устувории муассисаҳои таълимӣ ба офатҳои табиӣ ва хавҳои иқлимӣ баррасӣ шуданд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар Тоҷикистон 255 мактаби воқеъ дар минтақаи хатари офатҳои табиӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Миқдори зиёди чунин мактабҳо дар вилояти Хатлон (115 мактаб), дар идома дар вилояти Суғд (66), ноҳияҳои тобеи марказ (38), ВМКБ (34) ва Душанбе (3) қарор доштаанд.
Хатари асосие, ки ба ин мактабҳо таҳдид мекунад, фаромадани сел буда, 159 мактаб дар чунин минтақа ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин 33 мактаб ба хавфи болоравии об дар дарёву кӯлҳо ва 15 мактаб - ба хавфи фаромадани сел осебпазир будаанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 4000 мактаб фаъолият дошта, дар онҳо 2 млн 280 ҳазор нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳукумат чӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад?
Зикр шуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода санҷиши мактабҳоро дар минтақаҳои хавфнок ба итмом расонида, оид ба мустаҳкам намудани биноҳо ва баргузории чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тавсияҳо таҳия мекунад.
Ғайр аз ин, ба масъалаи зарурати омӯзиши омӯзгорону хонандагон ба амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
“Кумита ба ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва муассисаҳои таълимӣ баҳри фароҳам сохтани муҳити бехатари таҳсил идома медиҳад”, - гуфтанд дар Кумита.
Дар вохӯри Алмато кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Иштирокчиёни вохӯрӣ пешрафтҳо дар соҳаи бехатарии мактабҳо ва устуворӣ дар соҳаи маориф, беҳбуди қонунгузорӣ ва сиёсат, инчунин зарурати омӯзиш дар самти хатарҳои иқлимӣ ва офатҳои табииро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Даъвт шуд, ки сармоягузорӣ ба таҳкими зерсохтори мактабҳо зиёд шуда, ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳри ҳалли мушкилот тақвият дода шавад.
Кишварҳо ҷонибдории худро ба татбиқи Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 изҳор намуданд. Зикр шуд, ки ҷонибҳои манфиатдор рӯйи бунёди зерсохтори бештар бехатар ва устувори соҳаи маориф, ки ба офатҳои табиӣ ва антропогенӣ истодагарӣ карда тавонад, кор мекунанд.
Барномаи қолабии Сендай чист?
Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 созишномаи байнулмилалиест, ки моҳи марти соли 2015 дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба коҳиши офатҳои табиӣ дар Сендайи Ҷопон қабул шуд.
Барнома ба коҳиши хафвҳои марбут ба офатҳои табиӣ ва бунёди ҷомеаҳои бештар устувор равона шудааст. Ҳадафҳои асосии барнома аз коҳиши теъдоди фавтидагон ва осебдидагон, коҳиши талафҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани устувории зерсохтор ва беҳбуди ҳамкориҳо байни бахшҳо иборат аст.
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
В Футбольной лиге Таджикистана сменился директор
В США ученица устроила стрельбу в школе: трое погибших, cтрелявшая покончила с собой
Отправьте в третью страну или накажите. ООН призвала Таджикистан не передавать афганцев «Талибану»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста