Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон имрӯз, 27-уми феврал, дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) ҷузъиёти созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод.
Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишнома изҳори назар накардааст. Бо такя ба изҳороти Қамчибек Тошиев мо таҳлил кардем, ки кадом қитъаҳо байни ду кишвар иваз шуданд.
190 га ба 190 га
Тоҷикистон дар ноҳияҳои сарҳадии Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров қитъаҳои зеринро гирифт:
- Саада – 21 га;
- Раззоқов – 23,5 га;
- Селкан – 4 га;
- Майти – 7 га;
- Пролетарск – 12,5 га;
- Улақ-Ҷой – 15 га;
- Оқ-Ариқ – 7 га;
- Қарабоқ – 65 га.
Илова бар ин, ба ҷои бурунбум ё анклави қирғизии Қайрағоч, 35 га замин аз қитъаи Майт ба Тоҷикистон дода шуд. Ҳамагӣ 190 га.
Дар навбати худ, Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки ҳамсарҳад бо ин ноҳияҳо 155 га аз қитъаи Қайрағаш ва 35 га замини анклави қирғизии Қайрағашро, ки дар дохили ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дошт, гирифт. Ҳамагӣ – 190 га.
12 га ба 25 га
Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи шоҳроҳи "Хуҷанд-Конибодом-Исфара" ва бозори "Дӯстӣ" (Арка)-ро, ки дар паҳлӯи ин роҳ ҷойгир аст, ба даст овард. Масоҳати умумии он 12 га-ро ташкил медиҳад.

Дар иваз, Қирғизистон 25 га замини кишоварзӣ дар минтақаи Лаккони ноҳияи Исфараро гирифт. Қамчибек Тошиев шарҳ дод, ки чаро Қирғизистон дар ивази як роҳ ва як бозори хурд ду маротиба бештар замин гирифт.
"Ба ивазаш мо ду баробар бештар замин гирифтем. Чаро? Мо фаҳмондем, ки ин бозор аст, мардум аз он даромад мегиранд. Ин аввалин далел аст. Дуюм, роҳ танҳо як минтақаи замин нест".
200 га ба 200 га
Тоҷикистон 200 га заминро дар ҷамоати Лаккон ба даст овард. Ин як қитъаи роҳ аст, ки роҳи мустақимро ба шаҳри Исфара таъмин мекунад.
Дар иваз, Қирғизистон 200 га замини кишоварзӣ гирифт: 130 га дар атрофи деҳаи Қарабоқ ва ҷамоати Лаккон, 70 га дар минтақае бо номи Қуруқ-Сой.
Бар ивази "Головной" – 750 га замин
"Мо 3 обпарто (люк, шлюз)-ро ба таври баробар тақсим кардем – яъне ба ҳар яке 1,5 обпарто. Дар ивази ин, мо 500 га аз қитъаи Мунҷу-Булакро дар ноҳияи Чон-Алай (дар марзи ноҳияи Лахши Тоҷикистон) гирифтем. Ин қитъа хеле баҳснок буд. Ҳамчунин, 100 га аз қитъаи Кароал-Дон ва 150 га аз қитъаи Катта-Туз (дар марзи ҷамоати Ниёзбек, ноҳияи Конибодом) гирифтем.
Ин қитъа гоҳо аз Тоҷикистон ва гоҳо аз Қирғизистон гуфта мешуд, баҳсҳо вуҷуд доштанд. Аммо мо ҳуҷҷатҳоро санҷидем ва маълум шуд, ки ин қитъа ҳеҷ гоҳ аз Қирғизистон набуд. Бо вуҷуди ин, онро баробар тақсим кардем – 300 ба 300 га. Ҳамаи чоҳҳои нафтӣ низ баробар тақсим карда шуданд. Ба илова, аз 300 га боз 150 га замини иловагӣ гирифтем. Ҳамин тавр, агар қитъаи Катта-Туз 600 га буд, мо 450 га гирифтем. Дар ивази 1,5 обпарто дар "Головной", мо 750 га замин гирифтем", – изҳор дошт Ташиев.
142 га ба 142 га
Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара чунин қитъаҳои Қирғизистонро гирифт:
- 91 га замини сокинони деҳаи Дӯстӣ;
- 8,3 га аз қитъаи Мазоит;
- 17,5 га аз деҳаи Кок-Терек;
- 20,1 га аз деҳаи Таш-Тумшуқ;
- 5 га аз қитъаи Дача дар ноҳияи Ботканд.
Ҳамагӣ – 141,9 га.
Қирғизистон бошад, дар ин минтақа чунин минтақаҳоро аз Тоҷикистон гирифт:
- 18,4 га аз деҳаи Сомониён;
- 3,1 га аз қитъаи Дахма;
- 21,5 га аз қисми деҳаи Хоҷаи-Аъло;
- 2,7 га аз қитъаи Говсувор (Зарафшон) дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара;
- 42 га аз қитъаи Мин-Булак;
- 55 га аз қисми қитъаи Лакконро (дар ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара) гирифт.
Ҳамагӣ – 142,7 га.
Илова бар ин, ба ивази ҷуброни хонаҳои нав дар деҳаи Дӯстӣ, Қирғизистон 30 га замини кишоварзӣ дар қитъаи Лаккони Тоҷикистонро гирифт.
Ворух ва чарогоҳҳои атрофи он
"Ҷониби Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти соли 1991, аз 19 ҳазор га замин истифода мекард. Баъди музокироти душвор, мо ба онҳо 14,5 ҳазор га додем. Илова бар ин, тибқи дархости онҳо, 1 ҳазор га чарогоҳҳои атрофи Ворух низ ба ҷониби Тоҷикистон дода шуд. Дар иваз, мо 1 ҳазор га чарогоҳҳои қитъаи Караған-Сойро дар ноҳияи Чон-Алай гирифтем", – гуфт Қамчибек Тошиев.
Душанбе. Время, когда деревья были маленькими, а пробки – только в бутылках
Центризбирком Таджикистана утвердил новый состав Маджлиси Милли
В Кыргызстане закрыли «клон» церкви «Адвентистов седьмого дня»
В Казахстане дорожает зерно. Как это отразится на Таджикистане?
Футболистка из Таджикистана продолжит свою карьеру в клубе «Нафтан»
Гала-концерт восточной музыки в Москве: встречаем Навруз - 2025 с размахом
Год с начала серийных убийств в Канибадаме. Сколько человек убиты, кто арестован и как продвигается следствие?
«Публика нас принимала восторженно». Как таджикский балет выступил в Париже
Трамп начинает торговую войну с Европой. Что будет дальше?
В Душанбе будет создан музей истории таджикского футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста