Марде, ки дар Маскав бо корд ба кормандони пулис дарафтода буд, зодаи 25-солаи шаҳри Саратов ва шаҳрванди Русия Шерафган Кунҷумов аст. Инро хабаргузории “Агентство” аз рӯи маълумоти пойгоҳи иттилоотии Руси (Россреестр) маълум кардааст.

Ҳодиса рӯзи 27-уми август дар шоҳроҳи Шелково рух дод. Мард ду зарфи оташгир ё "коктейл Молотов"-ро ба сӯи автомашинаҳои корманди ВКД ва корхонаи “Жилишник” партофта, сипас бо корд ба кормандони пулис, ки барои боздошти ӯ омада буданд, ҳамла кард.

Кумитаи тафтишоти Русия худи ҳамон рӯз дар бораи боздошти “шаҳрванди хориҷӣ” хабар дода, зикр кард, ки нисбати ӯ бо иттиҳои сӯиқасд ба ҳаёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Шабакаи Телеграм-и "База", ки наздик ба мақомоти қудратии Русия аст, бо истинод ба манбаъҳояш дар ВКД маълумот дод, ки ҳамлагар - “шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мебошад”.

Хабаргузории “Агентство” муайян кардааст, ки боздоштшуда шаҳрванди 25-солаи Русия Шерафган Кунҷумов аст. Ӯ дар Саратов таваллуд шуда, ҳамон ҷо ба қайд гирифта шудааст. Дар синни 14-солагӣ дар Саратов шиносномаи Русия гирифта, баъдан ба Балашихаи вилояти Маскав омадааст. Маълумоти дар бораи ӯ дар пойгоҳҳои манбаъҳои Маскав дар соли 2015 пайдо шудаанд.

Маълумот аз Росреестр
Намогирифт аз "Агентство"

Тавре ки нашрия менависад, соли 2017 Кунҷумов ба иттиҳоми омодакунии таркиш дар маркази савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ боздошт гардида, соли 2019 тибқи 7 моддаи Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла барои тайёр кардани амали террористӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст.

Мувофиқи қарори додгоҳ, Кунҷумов “ҷонибдори ақидаҳои тундгароёнаи исломӣ” буда, бо пешниҳоди узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”* ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷикистон амалҳои террористӣ омода мекардааст. Дар қарори додгоҳ Кунҷумов шаҳрванди Русия зикр мешавад.

Баҳори имсол ӯ ба озодӣ баромада, лекин додгоҳ нисбати ӯ ба муҳлати 3 сол назорати маъмурӣ ва маҳдудият, аз ҷумла манъи берун рафтан аз ҳудуди минтақаи қайдро таъин кардааст. Ахиран ҷойи қайди мард Балашиха буд.

Номбурда метавонист бидуни риояи қоидаҳои назорат ва бе иҷоза аз мақомоти пулис, аз Балашихаи вилояти Маскав ба шаҳри Маскав равад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.