Платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices 6 зани тоҷикеро, ки дар робита ба онҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook нисбатан таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад, муайян кард.

Дар маводи дар сомонаи Global Voices интишоршуда ба занҳои тоҷики бештар «пурнуфуз» дар шабака сухан рафта, қайд мешавад, ки ин занҳо «бинобар сабаби саҳми нодирашон дар Тоҷикистони муосир» интихоб шудаанд.

Нахуст дар рӯйхат аз «таблиғгар (промоутер)-и хастанашавандаи фарҳанги тоҷикон Манзура Маҳкамова ном бурда мешавад. «Собиқ мушовири президент оид ба масоили иқтисодӣ, модари ду фарзанд, молики тиҷорати муваффақи консалтингӣ Манзура Маҳкамова то маъруф шуданаш дар Facebook яке аз фаъолони чандин гурӯҳҳо буд», - зикр мегардад дар мавод.

Таъкид мешавад, ки дар Facebook ӯ гурӯҳи «I love Хуҷанд»-ро таъсис дод, то ки ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар дуюмин шаҳри бузурги кишвараш мусоидат намояд.

Дар зинаи дуюми ин рӯйхат собиқ рӯзноманигор - «маликаи шабака» - Шаҳноз Комилзода, модари ду кӯдак қарор дорад, ки Global Voices ӯро «хонуми маъруфтарин аз Тоҷикистон дар Facebook» унвон кардааст. Ин маъруфияти ӯ ба он рабт дорад, ки бо ду забон - тоҷикву русӣ зери мавод шарҳ мегузорад.

Дар идома «соҳибхоназани олимақом - Парӣ Саидова», «тоҷирзан - Манижа Ҳаитова», «Садои ҳақиқат - Файзинисо Воҳидова» ва «Симои мӯди тоҷик - Макнуна Ниёзова» зикр гардидаанд.