Маҷмааи бузурги тандурустӣ дар пойтахт, ки санаи 4 март бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аллакай «Истиқлол» номгузорӣ шуд. Лавҳаи пешинаи «Пойтахт-90»-и ин бино аллакай гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар маросими ифтитоҳи ин маркази тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд , ки Маркази тандурустӣ ба номи Истиқлол гузошта шавад.
Имсол Тоҷикистон 25-умин солгарди истиқлолияти худро ҷашн мегирад ва аз эҳтимол дур нест, ки боз бисёре аз иншоот дар ҷумҳурӣ чунин номгузорӣ шаванд.
Мутобиқи маълумоти расмӣ, иншооти мазкур» дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст, ки баъзеашон дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоранд.
Бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ҳаҷми музди меҳнат дар он аз 1,2 ҳазор сомонӣ то 3,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста