Бори нахуст тӯли солҳои зиёд ҳунарнамоии овозхонҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин дар экранҳои телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.
Рӯзи дуюм аст, ки пайдарпай дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пахш мешавад.
Дар ин консерт ситораҳои эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин низ ҳунарнамоӣ карданд, ки тайи солҳои охир ба консертҳои давлатӣ даъват намешуданд ва дар шабакаҳои давлатии телевизион ҳузур надоштанд.
Барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон рӯзи 23 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо иштироки овозхонон Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Меҳрнигор Рустам, Муҳаммадрофе Кароматулло, Мадина Ақназарова доир гардид.
Бо вуҷуди чанде қабл аз олам даргузаштани бародари Шабнам (17 апрел писари 16-солаи сарояндаи маъруф Сурайё Қосимова аз олам даргузашт), сароянда лозим донист дар чорабинии давлатӣ ширкат варзида, назди тамошобинон ҳунарнамоӣ кунад.
Охири моҳи апрел маълумот интишор шуд, ки чанде аз овозхонҳои маъруфи эстрадаи тоҷик, ки аз эфирҳои телевизион барканор шуда буданд, дубора баргардонида мешаванд. Дар ин бора зимни вохӯрии намояндагони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизиону радио бевосита бо ситораҳои ба қавле аз «рӯйхати сиёҳ» иттилоъ дода шуд.