Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз президенти мамлакат дархост намуданд, ки қарори Хадамоти алоқа бекор карда шавад.
Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, НАНСМИТ, ТҶ "Журналист”, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва Медиа Алянси Тоҷикистон дар изҳороти худ аз минбаъд танҳо ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯТ) додани ҳуқуқи тақсимоти интернет дар кишвар тавассути ширкати миллии «Тоҷиктелеком» изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25 январ зимни нишасти хабарӣ зикр шуд, ки минбаъд ширкати миллии «Тоҷиктелеком» трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад. Қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз кишварҳои ҳамсоя интернет харидорӣ мекарданд.
«Дар робита ба омилҳои зикршуда, мо аз Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш менамоем, ки аз ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар пешгирӣ намояд», - омадааст дар изҳорот.
Ҳамзамон, аз Прокурори генералии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дархост шудааст, ки ин дастури Хадамоти алоқаро мисли иқдоми қаблии ин ниҳод, яъне қатъ намудани фаъолияти системаи NGN, аз нигоҳи ҳуқуқӣ баррасӣ намояд.
Дар зер матни комили изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон:
«Созмонҳои журналистии Тоҷикистон хабарҳои ахир дар бораи дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротиро, ки онҳо аз ин баъд Интернетро танҳо бояд аз "Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” (ШҶТМ) бихаранд, бо чанд далел мояи нигаронии худ меҳисобанд. Ҳарчанд масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд ин иқдоми онҳо ҷанбаи амниятӣ дорад, вале коршиносон баъид намедонанд, ки дар ин иқдом бештар ҷанбаҳои молиявии масъала нуҳуфтааст ва аз мудирияти номуваффақонаи соҳа дарак медиҳад.
Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба он хотир дар ин мавзӯъ наметавонанд бетараф бошанд, ки хоставу нохоста имрӯз дар тамоми дунё интернет ва корбарони он ба мавзӯи озодии сухан ва баён иртибот хоҳад гирифт.
Баъдан масъалаи ба инҳисори (монополияи) як гуруҳ афтодани василаи муҳими иртиботӣ пеш меояд, ки хилофи қонунҳои ватанӣ ва байналмилалист. Бар илова, яке аз шаш принсипи асосие, ки дар Созишномаи GATS оид ба коммуникатсияи аъзои Созмони ҷаҳонии савдо зикр шудааст, маҳз таъмини пуштибонии рақобатпазирист. Пас, дар сурати расмӣ гаштани ин дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, эҳтимол як баҳси дигари ҷиддӣ бо Созмони ҷаҳонии савдо пеш биёяд, ки фикр мекунем ба манфиати касе нест.
Масъалаи дигар имиҷи кишвар хоҳад буд. Бубинед, ки чанд рӯз пеш Президенти Ӯзбекистони ҳамсоя ба масъулин дастур дод, то интернетро барои мардуми он кишвар дастрастар ва чаҳор маротиба аз нархи ҳозирааш арзонтар намоянд. Дар сурати амалӣ гаштани иқдоми навбатии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бошад, тахмин зада мешавад, ки дар арзиши интернет боз ҳам болотар равад, чун ширкатҳои мобилӣ то ҳол интернетро бо нархи арзонтар аз берун ворид мекарданд. Иддаои масъулини ШҶТМ дар бораи аллакай бо чор хатти интернетӣ аз хориҷ ворид намудани он, ба андешаи мо роҳи ҳалли масъала нест ва буда ҳам наметавонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки номи ширкатҳои шомилшуда ба ин шабака махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва масъаларо боз ҳам сӯи гумонҳои дигар хоҳад бурд.
Паҳлуҳои амниятии масъала низ набояд аз мадди назар дур бошанд. Зеро дар сурати пеш омадани ягон садамаи ҷиддӣ ва вобастагии кишвар аз як манбаи интернетӣ имкон дорад мамлакат комилан аз интернет маҳрум шавад. Тасимигирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани "ҳукумати электронӣ” дар ин сурат чӣ хоҳанд шуд? Умуман Тоҷикистони асри 21 –ро кӣ бе интернет тасаввур карда метавонад? Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи маълумоти охирин феълан 1,6 миллион нафар аҳолии кишвари мо ба интернет дастрасӣ доранд ва ин тахминан 19 % -и аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Дар робита ба омилҳои зикршуда, мо аз Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш менамоем, ки аз ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар пешгирӣ намояд.
Ҳамзамон, аз Прокурори генералии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон дархост менамоем, ки ин дастури Хадамоти алоқаро мисли иқдоми қаблии ин ниҳод, яъне қатъ намудани фаъолияти системаи NGN, аз нигоҳи ҳуқуқӣ баррасӣ намояд».
Шаҳло Акобирова,
раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нуриддин Қаршибоев,
раиси НАНСМИТ
Қироншоҳ Шарифзода,
раиси ТҶ "Журналист”
Хуршед Ниёзов,
раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон
Субҳон Ҷалил,
раиси Медиа Алянси Тоҷикистон
Страсть к скорости. Как таджикский гонщик покорил Поднебесную
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста