Шумори шаҳрвандони хориҷие, ки тӯли панҷ соли охир (аз соли 2012 то соли 2017) шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, қариб се баробар - аз 95737 то ба 257.822 нафар афзуд, хабар медиҳад Russia Today бо истинод ба маълумоти ВКД Русия.

Аз Вазорат иттилоъ додаанд, ки ин афзоиш аз ҳисоби шаҳрвандони Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Шумори украиниҳо, ки тайи 5 соли охир шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, қариб 7 баробар зиёд шуда, соли гузашта 85.119 нафар украиниҳо шиносномаи Русия гирифтаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2012 шумори онҳо ҳамагӣ ба 12.803 нафар расида, дар ин самт зинаи чорумро ишғол мекарданд.

Дар зинаи дуюм шаҳрвандони Қазоқистон қарор доранд, ки 40 718 нафарро ташкил дода, тӯли 5 сол шуморашон қариб 3 маротиба афзудааст (соли 2012 - 14 585 нафар).

Шумори тоҷикистониёне, ки дар ин давра ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудаанд, низ ба ҳамин миқдор (соли 2017 - 29 039 дар муқобили 9773 - дар соли 2012) зиёд шудааст.

Ҳамчунин ба панҷгона зодагони Арманистон (соли 2012 - 13 176 ва соли 2017 - 25 144 нафар) ва Ӯзбекистон (соли 2012 - 13 409 ва соли 2017 - 23 334 нафар) дохил мешаванд.

Бино ба маълумоти Раёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ 61.189 нафар шаҳрвандони хориҷӣ (ҳамин давраи соли гузашта - 58.862 нафар) шаҳрвандии Русия гирифтаанд. Тӯли се моҳи ҳамин сол 3.186.461 шаҳрванди хориҷӣ (ҳамин давраи соли 2017 - 2.844.614 нафар) ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд.

Гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён бо тартиби умумӣ ё соддашуда сурат мегирад. Дар мавриди аввал муҳоҷирро лозим аст, ки Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП)-ро ба расмият дароварад, ки муҳлати он се солро ташкил медиҳад. Сипас метавон Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) дархост намуд, ки ба муҳлати панҷ сол дода мешавад. Баъдан шаҳрванди хориҷӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуқуқ пайдо мекунад.

Ҳамасола ҳукумат миқдори квотаҳо барои гирифтани иҷозати зисти муваққатӣ дар Русияро муқаррар менамояд. Соли 2017 шумори он 110 880 иҷозатро ташкил дод (5 сол пеш ин рақам - ба 105 807 адад баробар буд).

Тарзи соддашудаи гирифтани шаҳрвандии Русия ба кам кардани муҳлати дастрасии он то як сол ва камтар аз он имкон медиҳад. Аз чунин имкон ба гунаи мисол шаҳрвандони дорои ақди никоҳ бо шаҳрвандони Русия истифода карда метавонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.