Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал моҳи сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм охири моҳи октябр дар маркази вилоят гузаронида мешавад.

Дар қарори раиси вилояти Суғд дар ин робита зикр мегардад, ки фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, инчунин бахшида ба «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  доир мегардад.

Гуфта мешавад, дар доираи фестивал байни дӯзандагону тарроҳон аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ” озмун баргузор мешавад.

Қайд мешавад,ки либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда, ба либосҳои идона, арӯсиву домодӣ вобаста ба минтақаҳои вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ҳар намуди бахш ғолибон муайян карда шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои пулӣ ба миқдори аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивал бошад, 5 ҳазор 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.