Ҳоло дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон (Беморхонаи Қараболо) 8 нафар коргарони масҷиди Душанбе, ки аз болои зинапоя афтода, ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд, бистарӣ гардидаанд.

Се нафар коргари ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардошта, дар бинои 4-уми Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд. Онҳо худро хуб ҳис мекунанд ва вақте мо ба аёдати онҳо рафтем, бо пайвандонашон суҳбат доштанд.

Саидато Саидаброров, яке аз ҷароҳатбардоштагон гуфт, ки дар ин ҳодиса пояш осеб дидааст, аммо ҳоло худро хуб эҳсос мекунад.

- Ҳодиса пагоҳӣ рух дод. Мисли ҳарвақта, корро оғоз кардем, тариқи зинапояҳо ба боло, ба гунбаз баромадем. Ҳодиса дар як лаҳза рух дод ва ман нафаҳмидам, ки чӣ гуна зинапоя шикасту мо ба замин афтодем.

Саидато Саидаброров
Asia-Plus

Саидато Саидаброров мегӯяд, ки зинапоя чанд метр баландӣ дошт, дақиқ дар хотир надорад. Ӯ ҳамчунин, ба суоли он ки “ҳангоми рух додани ҳодиса, оё камарбанди муҳофизатӣ доштанд ё не”, посухи мушаххас нагуфт.

Раҳматшо Исломов, коргари дигаре, ки низ ҷароҳати нисбатан сабук бардоштааст, гуфт, ки зинапоя тақрибан 30 – 35 метр баландӣ дошт.

Раҳматшо Исломов
Asia-Plus

- Вақте зинапоя шикаст, мо аввал ба зинапояи поёнӣ афтодем ва баъдан ба замин. Фикр мекунам, аз ин сабаб, ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардоштем,-гуфт ӯ.

Баракатулло Саъдуллоев, нафари сеюми ҷароҳатбардошта, шаби гузашта ҷарроҳӣ шудааст ва аз ин сабаб, имкони сӯҳбат бо ӯ даст надод.

Баракатулло Саъдуллоев
Asia-Plus

Ҷӯрабег Саидов, духтури осебшинос, ки ин се нафар зери назорати ӯ қарор доранд, зимни суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфт, ки аҳволи беморон хуб ва муътадил аст.

- Беморон табобатро пурра гирифта истодаанд, зери назорат қарор доранд ва аҳволашон ҳам хуб аст,-иброз дошт Ҷӯрабег Саидов.

Дар ҳамин ҳол, пайвондони ин беморон гуфтанд, ки ин субҳ Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар ба аёдати онҳо омадааст.

Ду коргари дигар, ки ҷароҳати вазнин бардоштаанд, дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Дар мавриди вазъи саломатии онҳо маълумоти дақиқ дастрас карда нашуд.

Се нафари дигар бошад, дар шуъбаи ҷарроҳии асаб бистарӣ карда шудаанд. Як нафар духтури ин шуъба гуфт, ки вазъи ин се нафар нисбатан хуб аст, аммо ба ҳар ҳол зери назорат қарор доранд.

Коргари нӯҳум, ки осеби сабук бардошта буд, дирӯз, пас аз муоина ба хона ҷавоб дода шуд.