Зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов, ки дар чорчӯби парвандаи бетартибиҳои оммавӣ дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 27 июл дар Маскав ба ҳабс гирифта шуд, дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гуруснанишинӣ эълон кард. Дар ин бора адвокат Анри Сискаришвили ба «МБХ медиа» хабар додааст, менависад Медуза.

Бино ба гуфтаи ӯ, Раҷабов ба нишони эътироз муқобили айбномаҳои ба ӯ эълоншуда аз 1 август гуруснашинӣ мекунад.

“Ин гуруснашинии комил нест, ӯ нӯшокиҳо, чой бо шакар ва об истеъмол мекунад”, - иброз доштааст ҳимоягар.

Суди Пресненскии Маскав санаи 2 август зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро барои иштироки ғайриқонунӣ дар ҳодисаҳои бетартибиҳои оммавӣ дар Маскав ба ҳабс гирифт. Ӯ гӯё дар гирдиҳамоии ғайриқонунии санаи 27 июл миёни иштирокчиёни он ҳузур доштааст. Ҳамон рӯз Росгвардия беш аз 1300 нафарро дастгир карда буд.

Тафтишот гуфтааст, Самариддин Раҷабов дар ҷараёни эътирозҳо ба сӯи афсари Росгвардия зарфи обро партофтаааст ва он зарф ба гардани афсари пулис бархӯрдааст. Худи Раҷабов дар додгоҳ ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, рӯзи 27 июл дар маркази Маскав дар як харак нишаста буд ва дар ягон эътироз иштирок надошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.