Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки “баъд аз анҷом додани корҳои профилактикӣ дар иттиҳодияҳои динии кишвар сар аз пагоҳ, 20-уми март баргузории ибодатҳои дастаҷамъона ба роҳ монда мешавад”.
Сухангӯйи кумитаи мазкур Афшин Муқим имрӯз дар саҳифаи фейсбукии худ навишт: “Аз ҳамаи сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан “Covid-19” дар рафти баргузории намозгузориҳои дастаҷамъона ба қоидаҳои умумии беҳдоштӣ қатъан аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд”.
Ёдовар мешавем, рӯзи 4-уми март Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар муроҷиатномаи худ аз сокинони кишвар даъват кард, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-19 аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо худдорӣ кунанд.
“Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад”, - таъкид шуда буд дар муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 1 Маркази исломӣ, инчунин 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, 4054 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ее имя увековечено в звездах. Как Светлана Герасименко открыла комету возрастом около 4,5 млрд лет
Белый дом анонсировал военный бюджет США на $1 триллион
Скончалась таджикский астроном Светлана Герасименко, открывшая комету 67P/Чурюмова–Герасименко
ДУМК Кыргызстана поддержал запрет на ношение «чуждых» никабов
Таджикистан и Кыргызстан признали водительские удостоверения друг друга
Глава ВОЗ считает неизбежной новую пандемию
Таджикский тенор Шохрух Юнусов: «Победа нуждается в подготовке»
Радио «Озоди»: В Согде суд оштрафовал юношу, пожаловавшегося на пытки со стороны милиционеров
В Душанбе открылся IT Park. Как стать его резидентом?
Таджикский боец примет участие в турнире Road to UFC
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста