Дар замони муосир ҳама одамон мехоҳанд, ки ба аудиторияи мавриди назари худ таъсир расонанд ё ба истилоҳ “фармонравоӣ” кунанд. Ба аудиторияе, ки аз дасткорӣ ё “манипулятсия” огоҳ нестанд ин кор ба осонӣ даст медиҳад, вале ба афроди огоҳ ин усул ба кор намеравад.
Имрӯз тасмим гирифтем, ки дар доираи Маъракаи рушди расонаӣ дар Тоҷикистон хонандагонро бо истилоҳи “Манипулятсия” яъне дасткорӣ шинос намоем.
Дасткорӣ ё манипулятсия чист?
Истилоҳи “манипулятсия” пайдошуда аз калимаи франсавии “manipulation” ва калимаи лотинии “manipulus” - «manus» – даст мебошад. Ин вожа дар забони тоҷикӣ ҳамчун дасткорӣ тарҷума шудааст.
Агар истилоҳро кӯтоҳ шарҳ бидиҳем – фиребу фиребкорӣ аст. Ба таври мушаххас бигӯем, дар ин маврид шахс назару хоҳишҳои шахси дигарро ба таври комил ва самимона ҳамчун назару хоҳиши шахсии худ қабул мекунад, аммо дар асл ин назару хоҳишҳо хилофи арзишҳои шахсии ӯст. Ба шахс чунин менамояд, ки ин маҳз хоҳишу интихоби ӯ мебошад. Ба ибораи дигар, манипулятор мекӯшад, ки шахси дигарро ҳамчун воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои худ ё ба даст овардани фоида истифода барад.
Бояд қайд кард, ки таъсиррасонии дасткорӣ (манипулятивӣ) кори пӯшида аст. Таъсиррасонҳо чун қоида хеле зиёд кӯшиш мекунанд, ки объекти таҳти таъсир аз кори онҳо огоҳ нашавад. Агар объекти таҳти таъсир бовар кунанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун ва табиӣ рух медиҳад, ин аз муваффақ шудани дасткорӣ огоҳӣ медиҳад.
Дар луғот (луғатҳо)-и аврупоӣ калимаи «манипулятсия» чун амале шарҳ дода мешавад, ки ба объект/одамон ба ҳадаф ва нияти муайян равона шудааст. Манзур он аст, ки барои иҷрои чунин амалҳо чолокӣ ва маҳорат зарур аст. Маънои маҷозии замонавии калима – муомилаи моҳирона бо одамон ба унвони объектҳо ё ашё аз ҳамин ҷост. Қомуси англисии Оксфорд манипулятсияро ҳамчун «амали таъсиррасонӣ ба одамон ё идоракунии онҳо бо чолокӣ, махсусан, бо зермаънои беэътиноӣ, ҳамчун идоракунии пӯшида ё таъсиррасонӣ» тафсир мекунад.
Киҳо аз дасткорӣ истифода мекунанд?
Аз дасткорӣ гуруҳи шахсони касбу кори алоҳида истифода мебаранд. Бештар усули мазкурро сиёсатмадорон ва тарғибгарони молу маҳсулот истифода мекунанд.
Маҳз сиёсатмадорон ва сиёсаттарошон иқтидори қавӣ ва воситаҳои онро (пул ва таҷҳизот) барои таъсиррасонӣ ба табақаҳои васеи омма доранд ва аз ҳама муҳим ҳадафи ноил шудан ба вазну арзишмандии сиёсии муайян ва ташаккули афкори оммавии барномарезишуда доранд.
Сиёсатмадорон усули мазкурро замони интихобот васеъ ба кор мебаранд. Онҳо аввал ҳаматарафа мушкилии доштаи интихобкунандагонро меомӯзанд ва барномаи пешазтинхоботӣ омода намуда, бо онҳо ҳамсуҳбат мешаванд. Бо истифода аз мушкилиҳои доштаи мардум, онҳо барои худ тарафдор ҷамъ мекунанд ва дар интихобот қисми зиёди овозҳоро соҳиб мешаванд. Инчунин онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои худ аз ВАО васеъ истифода мекунанд. ВАО, ки худ яке аз дастгоҳҳои таъсиррасонӣ мебошад бо тарғиботҳои худ афроди болозикрро ба мақсадҳояшон мерасонад.
Яке аз истифодабарандагони усулҳои маъмули дасткорӣ тарғибгарон мебошанд. Онҳо дар тарғиботҳои худ аз шахсиятҳои дар ҷомеа ҷойгоҳдошта ва ситораҳои маъруфи санъат дар роликҳои тарғиботии худ истифода мебаранд. Бо истифода аз усули мазкур молҳои худро ба фурӯш мегузоранд ва фоидаи зиёд ба даст меоранд. Ситораҳо ва шахсиятҳои маъруф, гарчанде аз ин маҳсулотҳо боре ҳам истифода намебаранд, вале ба хотири ба даст овардани фоида ба пайравон ва мухлисони худ тавсия медиҳанд, ки аз молҳои мазкур истифода баранд, чун онҳо ба саломатии онҳо фоидаовар мебошад.
Ҳадафҳои манипулятсия
Нафароне, ки аз манипулятсия истифода мекунанд, мехоҳанд ба ҳадафҳои зерин ноил шаванд:
- афзудани клишеҳо (қолабҳо)-и сиёсӣ/иҷтимоӣ/ психологӣ;
- идеалсозии ҳодиса ё падидаҳои фардӣ-алоҳида;
- ташаккул додани муносибатҳои вафодорӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи муассир/ шахсон ва дар оянда ташаккул додани ойини шахспарастӣ;
- интишори пешакии симои «созмонёфта ва моделсозишуда»-и шахсони алоҳида, созмонҳо, идеяҳо ва барномаҳо;
- заъиф гардонидани рақибон, ҳодисаҳо ва падидаҳо;
- таҳрифи далелҳои воқеӣ бо мақсади ҷойгузин намудани нуқтаи назари зарурӣ, стереотипи ақидаҳо ва қолабҳои рафтории табақаҳои васеи аҳолӣ;
- паҳн намудани овозаҳо, боло бурдани ташаннуҷ, ҳолатҳои ваҳмангез ва тарс.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
2 года без проверок. Эмомали Рахмон пописал Указ о моратории на все виды проверок предпринимателей
Топ самых используемых приложений, которые облегчили нам жизнь в 2024
Еще жарче: 2024 год стал самым теплым за всю историю наблюдений с 1850-х
«Манчестер Сити» купит узбекского футболиста за рекордную сумму
Global Firepower: Таджикская армия остается самой слабой в Центральной Азии
Франция и Таджикистан: укрепление связей продолжится и в 2025 году
Папа может! Что такое вовлеченное отцовство и почему важно, чтобы оно было в Таджикистане?
Иранская компания планирует производить лифты в Душанбе
В Лос-Анджелесе число жертв пожаров достигло 10 человек
В МВД России отметили снижение количества совершенных мигрантами преступлений
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста