Ҳукумати Русия ба вуруди дақиқи муҳоҷирон ба сохтмонҳои ин кишвар иҷоза дода метавонад. Дар ин бора зимни брифинг оид ба вазъи ҷорӣ дар соҳаи сохтмони манзил муовини сарвазир Марат Хуснуллин хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, норасоии қувваи корӣ айни замон ба яке аз мушкилиҳои калидӣ дар сохтмонҳо табдил меёбад.
“Он ҷо муҳоҷирони зиёд кор мекарданд. Вақте ки маҳдудият ҷорӣ шуд, қисмате аз онҳо ба хонаҳояшон рафта, дигар баргашта наметавонанд. Аз ин рӯ, мушкили норасоии қувваи корӣ миқёси бузургеро фаро гирифт”, - қайд кардааст Хуснуллин.
Ӯ илова намудааст, ки аксарият бо дархости кушодани сарҳадҳо барои вуруди муҳоҷирон ба ҳукумат муроҷиат карда, лекин то ба эътидол омадани вазъият бо коронавирус, аз эҳтиёт кор гирифтан лозим аст.
“Дар ҳукумат роҳу воситаҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ақаллан дақиқан ё ба вуруди миқдори муайяни муҳоҷирон иҷоза дода шавад, - изҳор доштааст ӯ. – Мо дар як қатор корхонаҳое, ки мавсимӣ ба кор қабул мекунанд, чунин таҷриба дорем. Ҳамаи тадбирҳоро андешида, карантин риоя мешуд. Муоинаву супурдани ташхис аз ҳисоби корфармоҳо буд. Ҳамин тавр одамонро меоварданд”.
Муовини сарвазир таъкид доштааст, ки сарфи назар аз коронавирус, ба туфайли дастгирӣ аз ҷониби давлат сохтмон зиёд шуда, лекин коргарон намерасанд ва ин шадидан эҳсос мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста