Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини амнияту некӯаҳволии онҳо, инчунин ҳимоя аз ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари таъинот машғул шавад, қайд мешавад дар гузориши рӯзи 9 декабр нашршудаи Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи дастгирии муҳоҷирони тоҷик.
Барои ин ба ҳукуматдорон тавсия дода мешавад, ки аз таҷрибаи пурсамари дастгирии муҳоҷирони кории кишварҳои Осиё истифода кунанд.
Гуфта мешавад, тайи даҳсолаи охир муҳаррики асосии коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ мебошад.
“Муҳоҷират сатҳи бекориро коҳиш дода, ба ворид шудани асъор мусоидат мекунад. Соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки ба 33,4%-и ММД-и соли пешини ҷумҳурӣ баробар аст”, - қайд мешавад дар гузориш.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки дар иқтисоди Тоҷикистон барои қувваи кории дар ҳоли афзоиши босуръат қарордошта ҷойҳои кории кофӣ фароҳам оварда намешавад, ки дар натиҷа ҳамасола наздики ним миллион тоҷикон барои дарёфти кор ватанро тарк мекунанд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки қисмати хеле зиёди муҳоҷирони кории тоҷик (85%) ҷавонон аз деҳот буда, синнашон аз 15 то 44-соларо ташкил медиҳад. Ҳудуди 98%-и онҳо бо сабаби умумияти зисти муштарак дар Иттиҳоди Шӯравӣ, забони нисбатан фаҳмо, маоши нисбатан аз ватан болотар ва инчунин реҷаи бераводид Русияро кишври муҳоҷират интихоб мекунанд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки аксарияти мардони муҳоҷир дар соҳаи сохтмон ба сифати коргарони ғайритахассусӣ ва занони муҳоҷир дар бахши хизматрасонӣ ба кор машғул мешаванд.
Дар гузориш мушкилоти сершуморе, ки ба он муҳҷоирон дар кишвари бегона дучор мешаванд, таъкид мегардад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, бисёре аз муҳоҷирон ба иллати сатҳи тахассуси паст ва огаҳии начандон хуб аз ҳуқуқҳои худ, инчунин ноилоҷӣ ба қабули ҳама гуна шартҳои кор омодаанд.
“Чунин шароит ба истисмори меҳнатӣ аз ҷониби корфармоҳо, суистифодаи кормандони пулис ва тамаъҷуӣ аз ҷониби ҷинояткорон боис мегардад”, - чунин мешуморанд муаллифони гузориш.
Дар он ҳамчунин ҷой доштани рӯҳияи бегонаситезӣ дар Русия таъкид мешавад, ки муҳоҷирон баъди бозгашт ба ватан дар бораи он нақл мекунанд. Ишора мешавад, ки аксарияти муҳоҷирон дар вазъи қашшоқӣ ва шароитҳои хеле душвор кор карда, барои сарфаи пул дар хонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки иқоматкунадагонаш хеле зиёданд ва ин ба солимии онҳо таъсир мерасонад.
Коршиносони БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бо ҳукуматҳои кишвари таъинот робитаи зич роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин машварат дода мешавад, ки дар хориҷа бозорҳои нави кор дарёфт намуда, барои таъмин бо кор дар берун аз ҳудуди кишварҳои ИДМ шароиту имконот фароҳам оварда шавад.
Дар гузориш гуфта мешавад, муҳоҷират муҳимтарин воситаи мавҷудият барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ва ҳалли мушкилоти мавҷуда натанҳо ба муҳоҷирону оилаи онҳо, балки ба ҷомеа ва дар ниҳояти кор ба кишвар манфиатовар хоҳад буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.