Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат гуфт, ки расонаҳо дар мавриди бузургони илму фарҳанг бояд иттилоърасонӣ кунанд.
Ин нуктаро вазири фарҳанг дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди гуфтаҳои ахири Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ки ахирӣ гуфта буд, зарурати нашри хабар ё некролог дар бораи марги чеҳраҳои бузурги илму адабро намебинад.
Вазири фарҳанг гуфт, ки “фикри Нуриддин Саид назари шахсии ӯст, ҳар як одам фикри шахсии худро дорад. Ман ягон мухолифат ба фикри ӯ надорам, аммо фикр мекунам, бояд нашр карда шавад. Чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг арзиши инро доранд. Мо ин корро кардем, дар бораи даргузашти ин 25 нафар дар сомонаи худ ва ҳафтаномаю маҷаллаҳо хабару матолиб чоп намудем”.
Ба гуфтаи Зулфия Давлатзода, имсол 25 ҷеҳраи шинохтаи илму фарҳанг аз коронавирус гузаштаанд. "Ин барои мо хело талафоти бузург мебошад. Он ҳунармандоне, ки имрӯз дар бари мову шумо нестанд, барояшон биҳишти ҷовидона тамано дорам", - гуфт ӯ.
Бо зикри номи бархе аз онҳо вазир гуфт, ки аз сӯйи вазорат кумакҳои ночизе ба хонаводаи ин ҳунармандон расонида шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳарчанд расман дар мавриди далели марги чеҳраҳои дурахшони илму фарҳанг оморе пешниҳод намешавад, вале дар давраи ҳамагирии коронавирус теъдоди зиёде аз ин чеҳраҳо даргузаштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как выбрать SPF-крем: 7 трендов и советы таджикского дерматолога для идеальной защиты кожи
Как понять, правильные ли подгузники ты выбираешь для своего ребенка?
Как Ленинградский театр комедии в годы ВОВ работал в Душанбе
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста