Шурӯъ аз дирӯз, 21 сентябр, гурӯҳи аввалини маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон бар асоси “Қонуни авф” ба озодӣ баромаданд. Дар ин бора аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба “Азия плюс” хабар доданд.
“Дирӯз як гурӯҳи беш аз 60 нафара аз зиндони №2-и шаҳри Ваҳдат ва гурӯҳҳои зиёдтар аз зиндонҳои Ёвон, Норак, Бохтар ва дигар маҳбасҳо озод шуданд. Аз зиндони занонаи Норак беш аз 600 нафар маҳбус ба озодӣ баромаданд”, - гуфтанд дар сарраёсат.
Гуфта мешавад, ки то чанд рӯзи оянда озод кардани зиндониён аз маҳбаси маъруф ба "Якум Советский"- и Душанбе ва маҳбасҳо дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам оғоз мешавад.
Қонуни афв нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ хоҳад шуд.
Қонун “Дар бораи афв” 6-уми сентябри имсол аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда, 8-уми сентябр аз сӯи раисҷумҳур имзо шуд ва 9-уми сентябр дар матбуоти давлатӣ нашр ва ба ҳукми иҷро даромад.
Мувофиқи ин қонун, беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, ҷазои қариб 6 ҳазор нафари дигар кам карда шавад. Муҳлати татбиқи қонун ду моҳ пешбинӣ шудааст.
Бар асоси қонуни афв, занон, шахсони ноболиғ, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3, шахсони дорои гирифтори бемориҳои вазнин, афроде, ки мукофоти давлатӣ доранд ва шахсони хориҷӣ аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Вале қонун нисбат ба онҳое, ки бо одамкушӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, рабудани одам, хариду фурӯши одамон, таҷовуз ба номус, шиканҷа ва ҷиноятҳои марбут ба фаъолияти террористӣ, ифротгароӣ хиёнат ба давлат ва ё “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ҳабс шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд.
Дар бораи ҷузъиёти бештари қонуни авф маводи зерини “Азия плюс”-ро мутолиа намоед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Зеленский выразил надежду на отказ США снять санкции против России
Футболист из Ганы с таджикским паспортом выиграл в ФИФА спор с «Равшаном»
Срок – до конца апреля. Власти Таджикистана призвали мигрантов легализоваться в России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 марта 2025 года
Навруз на Памире: здесь точно знают, как изгнать духов и исполнить мечту
Еще один футболист из Таджикистана переехал в Беларусь
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
США отменили вознаграждение в 10 миллионов долларов за поимку Сироджиддина Хаккани
В Душанбе создадут «налоговый рай» для производителей промпродукции
Как аденоиды могут вызвать ночное недержание у детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста