Дар пайи имзои амри Владимир Путин, раисҷумҳури Русия оид ба сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ, ки он ба тоҷикони дорои душаҳрвандӣ (Тоҷикистон ва Русия) низ дахл дорад, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷиноят аст.
Дар изҳороти ин ниҳод, ки имрӯз, 22-уми сентябр, як рӯз пас аз имзои амри раисҷумҳури Русия нашр шуд, гуфта мешавад, ки “Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”.
Ин ниҳод афзудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат кунанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан сафоратҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла сафоратҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Русия аз шаҳрвандони худ хоҳиш намуданд, ки аз иштирок дар муноқишаҳои давлатҳои дигар худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, Владимир Путин дар Русия қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбиро эълон кард, ки тибқи он 300 ҳазор нафар ба сафи артиши ин кишвар ҷалб мегардад.
Дар баробари ин, Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро қабул кард, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо адои хидмат дар сафи артишиин кишвар, дар як сол, бо тартиби соддакардашуда, шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.
Дар робита ба ин, бино ба навиштаи сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Маскав, дар Маркази муҳоҷирати Сахарово барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмат дар сафи артиши Русия зерсохтори мукаммали мусоидати Вазорати мудофиа роҳандозӣ шуд.
Как поехать учиться в другую страну в 2025 году: возможности и стипендии для граждан Таджикистана
В Таджикистане завершились съёмки фильма «Тропа гнева». Когда его покажут?
Skype всё? В мессенджере заметили сообщение о скором его закрытии
В Совете по правам человека ООН обвинили талибов в преступлениях против человечности
Под лавиной на трассе Душанбе – Чанак погиб водитель
Несколько СМИ, включая информагентство «Азия-Плюс», лишили права освещать парламентские выборы
Ушел из жизни таджикский филолог-востоковед Азим Байзоев
Мифы о старых автомобилях: стоит ли покупать авто старше 10 лет?
От Москвы до Вашингтона: где и как граждане Таджикистана могут проголосовать на выборах в парламент?
В России задумали разрешить мигрантам работать по одному патенту в столице и смежном регионе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста