Фарангис Шарифзода, нахустин занест, ки ба ҳайси директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ таъйин гардид. Ӯ 10-уми окятбри соли 1970 дар Душанбе, дар оилаи адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода ба дунё омадааст. Шарифзода хатмкардаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон буда, муддатҳо дар симмати сардори департаменти Донишгоҳи Гуманитарии Байналмилалӣ фаъолият кардааст.

“Азия-Плюс” ба ин муносибат Фарангис Шарифзодаро ба сӯҳбат овард ва аз кору фаъолият, барномаи пешгирифта ва гузаштаи рӯзгораш пурсид. Дар ибтидо, ба ин бону суол додем, ки чаро то имрӯз ба симмати директории институтҳои АМИТ ҳеҷ зане нанишаста буд?

- Ба андешаи банда, ҳоло таваҷҷӯҳ ба мавқеи занон ва қадру манзалати онон дар ҷомеа бештар шудааст. Дар замони истиқлоли милливу фарҳангии ватанамон чандин барномаву стратегияҳои давлатӣ қабул ва роҳандозӣ шуданд. Натиҷа ин аст, ки имрӯз бонувони мутахассису кордону донишманд дар зинаҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ кору фаъолияти босамар мекунанд.

Банда ҳам дар қатори дигар бонувон интихоб гардидаам ва кӯшишу талош хоҳам кард, то ба ин боварӣ сазовор бошам.

“Падарам дар заводи яхдонбарорӣ кор мекунанд”

- Шумо дар хонаводаи адабиёшиноси маъруф Худоӣ Шариф ба камол расидед. Чӣ андоза ба забону адабиёт дилбастагӣ доштед ва падар ба интихоби касби минбаъдаи Шумо чӣ таъсир гузошт?

- Бале, ман дар хонаводаи суннатии тоҷикӣ, ки риояи расму русум ва одобу ахлоқу фарҳанги тоҷикона рукни муҳимми он аст, ба воя расидаам. Бинобар ин, ҳар тасмиме, ки мегирифтам, бо азму интихоби ман ва роҳнамоии волидонам буд.

Баъд аз хатми мактаб бо хости падарам ба факултети филология ҳуҷҷат супоридам ва онро бомуваффақият хатм кардам. Пешаи муаллимӣ дар ҳар давру замон пешаи пурифтихор буд, аз ин рӯ, волидони духтарҳое, ки дар риштаҳои омӯзгорӣ таҳсил мекарданд, бо ифтихор мегуфтанд “духтари ман дар мактаби муаллимӣ мехонад”. Лекин рӯзгори хубе доштам. Ҳоло ёдам меояд, шарикдарсонам аз вазифаи падарам мепурсиданд, ба онҳо мегуфтам, ки “дар заводи яхдонбарорӣ кор мекунанд”. Ҳамвора саргарми хондан ва мутолиа будам, зеро намехостам, рафторам боиси ранҷишу озурдахотирии падар шавад. Имрӯзҳо пайи доштани нишон аз падар талош мекунам ва мехоҳам яке аз ифтихороти эшон бошам. Намедонам, то кадом андоза муваффақ шуда бошам.

 “Чаҳор девор”-и Худоӣ Шариф ва китобдори падар

Худоӣ Шарифзода

- Аз рӯзгоре, ки бо падар ва хонадони падарӣ доштед, имрӯз чӣ гуна ёд мекунед ва фарзанди Худоӣ Шариф будан бар дӯши Шумо чӣ масъулияте дорад?

- Мо, панҷ нафар фарзанд ва волидайнам дар хонаи чорҳуҷрадор зиндагӣ мекардем. Бо вуҷуди хурд будани манзиламон хонаи мо бисёр сермеҳмон буд. Аммо даву този рӯзгор, нигоҳубину тарбияи фарзандон, таъминоти моддиву маишии хона пурра ба зиммаи модарам буд. Падарам, аз вақте худамро ёд дорам, дар олами андешаи илмӣ буданд. Чаҳор девори ҳуҷраи кории эшон, ки вазифаи меҳмонхонаро ҳам иҷро мекард, пур аз рафҳои китоб ва як мизи корӣ буд. Ҳангоми сари миз нишастани падарам мо, бачаҳо, байни ҳам бо садои паст гап мезадем, то ба падарам халал нарасонем ва аслан, ман бо падарам камтар ҳамсӯҳбат мешудам.

Хоҳарам Гулноз боҷураъттар буд ва бо падарам шӯхиву бозӣ мекард. Падарам барои бозомӯзӣ ба шаҳри Маскав барои чанд моҳ мерафтанд ва зиёд пазмонашон мешудам, аммо вақте занг мезаданд, саъй мекардам, гӯшии телефонро ман набардорам. Гиря гулӯгирам мекард ва гап задан наметавонистам. Вақти аз сафар баргаштан ба пешвозашон мерафтам, аммо боз ҳам ҷуръат намекардам, мисли Гулноз, ки дар гарданашон кашол мешуд, падарамро истиқбол кунам.

Дар ҳамин ҳол, тоза кардани рафҳои китобҳои падарам ба зиммаи ман буд, бинобар ин, номгӯйи китобҳо ва ҷойи онҳоро хуб медонистам ва агар китоберо эшон пайдо карда натавонанд, аз ман кӯмак мехостанд. Яъне, китобдори падар будам.

Фарзанди шахси донишманду маъруф будан масъулияти хеле зиёдро дорад, зеро кӯшиш мекунед, то ба номи неки падару гузаштагонатон доғе нарасонед. Ҳоло ҳам ман пайваста саъй мекунам, то пайрави роҳи интихобнамудаи қиблагоҳам бошам. Ҳарчанд ҳанӯз ба гарди домонашон ҳам нарасидаам...

Аз ҳузн то шодии падар

​​​​​​- Воқеан, Худоӣ Шариф аз гузаштаи умр ва падару модарашон ёдовар мешуданд ва ба Шумо қиссаҳо мекарданд?

- Вақте бузургтар шудем, падарам ба мо аз даврони сахти бачагиашон, барвақт маҳрум мондан аз меҳри падар, ранҷу азоби давраи донишҷӯиашон нақл мекарданд, ки бароямон шунидани онҳо бисёр риққатовар буд. Бо расидани синнам ба ҷое ҳоло ғаму ранҷ ва маҳрумият аз ёру диёри модару падарамро, ки доимо рубоиҳои ҷонсӯз месуруданд, дарк мекунам.

- Аз хушрӯзиҳои умрашон чиҳо барои Шумо ёдмон буд?

Фарангис Шарифзода дар ҳалқаи хонадон

- Падарам бисёр шахси ҳассос буданд, аммо эҳсосашонро нишон намедоданд ва ҳолати равонии он касро пай бурдан мушкил буд. Дар солҳои охири Шӯравӣ падарам аз бобои модариашон, ки солҳо гумном буданд, дар Самарқанд хабар ёфтанд. Аввалин бор дидани бародари модарашон, ки аз издивоҷи бобо Ибодулло ва ҳамсари самарқандиаш ба дунё омада буд, ҳодисаи хуши рӯзгорашон маҳсуб мешуд. Ҳамин тавр, ба назарам, аз воқеаҳое хотирмон, ки дар ҳаёти падарам ба вуқӯъ пайвастанд, баъдан дифои рисолаи докториашон дар соли 1988 буд, ки банда дар ҷаласаи дифоъ ширкат доштам ва хушҳолии эшонро эҳсос мекардам.

Дурӯғу риё надоштанд, мансаб намехостанд

- Дар баробари маъруфият, чаро Худоӣ Шариф ба симмати баланде пешниҳод нашуданд?

- Қиблагоҳам ҳаводори мансабу аҳли сиёсат набуданд ва аз ҳама ташвишҳои зиндагӣ низ дур буданд. Ҳамеша дар дунёи адабу андешаву тахайюлу эҷод буданд. Чанд дафъа пешниҳодҳои корие ҳам гирифта буданд, аммо эшон ҳамаро напазируфтанд.

Пайраҳаи хеш

- Хатми донишгоҳ ва оғози ҳаёти мустақилона дар замони ҷанг душвор набуд?

- Мо яке аз охирин насли донишҷӯёни замони Шӯравӣ будем. Худшиносии миллӣ ва ифтихории миллиамон бениҳоят баланд буд, дар ҳама маҳфилҳои адабии Иттифоқи нависандагон бо шавқ иштирок мекардем, дар дарсҳо баҳсҳои илмӣ меоростем. Имрӯз хатмкунандагони соли 1992 факултети филологияи ДМТ дар ҳама бахшҳои ҷомеаи кишвар фаъол ҳастанд, агар хато накунам, бештар аз 10 нафар аз шарикдарсон номзаду докторни илми филология ҳастанд, ки дар соҳаҳои илму маорифи кишвар кор мекунанд.

Фарангис Шарифзода

- Пас аз чанд соли омӯзгорӣ дар ДМТ дар симмати сардори департаменти Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ интихоб шудед. Аз фаъолияти анҷомдодаи худ дар ин донишгоҳ ҳоло чӣ гуна ёд мекунед ва аз кори худ қаноатманд ҳастед?

- Аз овони кӯдакӣ, замоне, ки хобгоҳи муаллимон дар яке аз биноҳои Донишгоҳи миллӣ қарор дошт, то таҳсилу аввалин гомҳоям дар пешаи омӯзгорӣ дар ҳамин даргоҳ гузаштаанд. Оғози кор дар Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ берун аз деворҳои Донишгоҳи миллӣ аввалин таҷрибаам буд. Донишгоҳ навтаъсис буд ва банда мудирии департамент (кафедра)-ро бар ӯҳда доштам, аз ин рӯ, корҳои зиёди ташкилӣ бар зиммаи ҳайати кормандон вогузор шуда буд. Он чи дар тавони ману кормандони ин даргоҳ баҳри рушду ободияш буд, содиқонаву якдилона анҷом додем.

- Вале пас аз ин ҳам Шумо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргаштед ва аз ин даргоҳ ба симмати директори Институт омадед....

- Бале, бо нияти таҳсил дар докторантура ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо даъвати ректори ҳамонвақта ва машварати устоди равоншодам профессор Мукаррама Қосимова баргаштам ва то имрӯз ҳам дар кафедраи таърихи забон ва типология кор мекунам.

Имрӯзу фардои Институти забон ва адабиёт

- Аз таъйин гардиданатон ба ин мақом бештар аз ду моҳ мегузарад. Дар гузашта аз ин, албатта, ки бо кори ин ниҳод ошно будед...

- Ин ҷо на танҳо барои ман, барои ҳамаи онҳое, ки дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик машғул ба таҳқиқу пажӯҳиш мебошанд, бегона нест. Муҳимтарин таҳқиқоти илмӣ дар заминаи забон ва адабиёти тоҷик дар ин боргоҳи илми кишвар анҷом дода шудааст. Ҳар муҳаққиқи соҳаи филологияи тоҷик бо ин даргоҳи илмӣ иртибот дошта, дар ҷараёни таҳқиқи хеш аз осори илмии дар ин муассисаи муътабари илмӣ анҷомёфта истифода менамояд, ки ман ҳам ба масобаи як нафар муҳаққиқи риштаи забоншиносии тоҷик дар ин маврид истисно нестам.

- Дар Институти забон ва адабиёт минбаъд чӣ навгонӣ ё тағйирот ҷорӣ карданиед?

Институти забон ва адабиёт

- Дар Институт шӯъбаи нав барои таҳқиқи забонҳои бостон, забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ таъсис додем ва он аз моҳи октябр ба фаъолит оғоз хоҳад кард. Инчунин, тамоми маводи ганҷинаҳои Институт - фолклор, луғатнигорӣ, гӯйиш, мероси адабӣ ва сабти рақамӣ ва диҷитолӣ хоҳанд шуд. Банда ба иҷрои нақшаҳои илмии Институт, ки қабл аз омадани ман ба ин вазифа тасдиқ ва он лоиҳаҳои илмие, ки  имрӯз амал мекунанд, ҳеҷ тағйирот ворид карда наметавонам, вале барои иҷрои босифату бомуваффақияти лоиҳаҳои илмӣ талош мекунам.

- Яке аз бахши муҳим дар Институт пажӯҳиши адабиёти классикӣ аст ва ин ба хатти форсӣ алоқамандии амиқ дорад. Назари шумо барои баргаштан ба хатти форсӣ чист?

- Бо ин хат на танҳо осори адабӣ, тамоми санаду навиштаҳои мо то соли 1929 дар тамоми бойгониҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла, дар Институт нигоҳ дошта мешаванд.

Имрӯз дар Тоҷикистон низ барои омӯзиши хатти форсӣ монеае вуҷуд надорад ва он дар макбату донишгоҳҳо дарс дода мешавад. Ҳоло ҳар кас метавонад онро озодона омӯзад.

- Як бахши азими кори Институт ин луғатшиносӣ аст. Оё пайиҳам тағйир додани имлои забони тоҷикӣ кори луғатшиносӣ ва пажӯҳишии Институт мушкил эҷод намекунад?

- Баҳсҳо дар ин замина бисёр аст, вале чопи китобҳо ва ҳама осори матбӯъ дар ҳар давраи таърихӣ бо имлои роиҷ сурат мегирад, ки ҷараёни ислоҳи минбаъдаи онҳо идома меёбад.

- Ҳоло аҳли пажӯҳиши Институт ба чӣ кор машғуланд ва дар минбаъда чӣ нақшаҳо доранд?

- Дар Институт дар доираи панҷ лоиҳаи илмӣ таҳқиқот анҷом мегирад, ки фарогири масъалаҳои забон, адабиёт ва фолклори тоҷик мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.