Пагоҳ, 17-уми декабр, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ мавлуд дорад. “Азия-Плюс” талош намуд, бахшида ба зодрӯзаш бо ӯ мусоҳибае анҷом диҳад, аммо Гулрухсори Сафӣ аз суҳбат худдорӣ кард.
Новобаста ба ин, “Азия-Плюс” тасмим гирифт матлаберо, ки се сол қабл дар бораи эҷодиёту ашъори мондагори Гулрухсори Сафӣ ва андешаҳои ӯ таҳия намуда буд, бознашр намояд.
Сукут
Ман ҳамеша дар рӯзи мавлуд сукут мекунам. Бароям сукут гӯётарин сухан аст. Сукут мекунам ва аз дил мегузаронам:
Чист истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Дар замини шуҳрати озодагон
Донаи меҳру муҳаббат коштан.
Ҳадяи Яздон биҳишти мо – Ватан!
Шаҳкитоби сарнавишти мо – Ватан!
Мадҳу сано ва тамаъкорӣ бехатар нест!
Инсон ҳамеша ба муҳаббат, хосса ба сухани самимӣ ниёз дорад.
Дар ҷамъияте, ки мадҳу сано чархгардон аст, он ҷо нодорӣ ва ночорист. Мадҳу сано зодаи тамаъ аст ва тамаъ бадтарин падидаи одамист. Яке агар бинад, ки дигарон ба воситаи мадҳу сано чизеро соҳиб шуданд, ӯ низ мехоҳад, ба ҳамон роҳ равад ва аз чизе баҳраманд шавад. Пеши ман мадҳкунанда аз мадҳшаванда бештар гунаҳгор аст. Мадҳу сано ва тамаъкорӣ бехатар нест! Як маддоҳ чанд маддоҳи дигарро меофарад ва аз пайи худ мебарад. Вақте кӯдакон даст пеши бар маддоҳӣ мекунанд, намедонӣ, саратро куҷо бизанӣ!
Касе мехоҳад, хизматҳои раисҷумҳурро дар ободонии кишвар таъкид кунад, бояд аввал акси бинои Китобхонаи миллиро гузорад. Дар рӯзҳое, ки мардум ба як бурда нон ниёз доштанд, санги аввалини ин китобхона гузошта шуд. Худи мо низ дар он ҷо иштирок доштем. Бисёриҳо он замон дар тааҷҷуб афтоданд, ки мардум ба нон ниёз дораду инҳо китобхона месозанд. Ин корро миллате метавонад анҷом диҳад, ки таърихи ҳазорсолаи китобдорӣ ва китобхонӣ дошта бошад.
Наслҳову фаслҳо аз сар мегузаранд, аммо ин махзан пур мешавад аз китобҳои дунёву нусхаҳои қаламии мо, ки ҳазорҳо дар сандуқҳои бегона хуфтаанд. Ин махзан ҳамчун пайкараи миллати қадимаи китобдору китобхону китобофари ман аст. Дар бораи меъморӣ ва сохтмони ин китобхона чизе намегӯям, чун мутахассис нестам.
Китобхона аз садҳо ва ҳазорҳо мадҳу сано болост. Касе китоб мехонад ё не, ин кори ӯст, лекин мо махзани китоб дорем, ки аз бузургии миллати қадимаи мо шаҳодат медиҳад.
Миллат ба рӯшанфикри пешқадам ниёз дорад
Миллат ба падару модар эҳтиёҷ надорад. Он падару модар, фарзанд ва монанди инҳоро худ месозад.
Миллат ҳамеша ба зиёӣ ва рӯшанфикри пешқадаму пешбаранда ниёз дорад. Миллатро зиёӣ месозад, ки ӯро худ дар оғӯшаш тарбия кардааст.
Бунёдгузори забон ва шеъри мо Устод Рӯдакист
Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон 90-сола шуд, вале мо то ҳол чопи илмии Рӯдакиро надорем. Бузургтарин шоири дунё Рӯдакист, вале то ҳол ӯро наомӯхтаем.
Китоби “Атри ҷӯйи Мӯлиён”, ки онро дар арафаи ҷашни 1150 солагии Устод Рӯдакӣ навишта будам, ба нашр омода мекунам. Ин китоби радиоӣ аст. Дар назди баландгӯяк нишаста будам ва эҳсосе, ки аз бачагӣ то имрӯз ба осори Устод Рӯдакӣ доштам, гуфтам. Ин адабиёти меҳр буд, ки ман бо сухан изҳор кардам.
Ин китоб натанҳо дар шакли садоӣ ва чопӣ, балки дар шакли видеоии иборат аз 12 навор низ омода мешавад. Онро мо барои хонандагону донишҷӯёни мактабҳои миёна ва олӣ пешниҳод мекунем. Бунёдгузори забон ва шеъри мо Устод Рӯдакист. Ҷой ва ҷоҳи Устод Рӯдакӣ ҳамеша дар дили мо алоҳида аст. Устод Рӯдакӣ падар ва зодгори шеъри мост.
Атри ҷӯйи Мӯлиёну накҳаташ
Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.
Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,
Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем.
Мухтасари ҳасби ҳол
Гулрухсори Сафӣ шоир, нависанда, рӯзноманигор, дромнавис, тарҷумон, узв ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 17-уми декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун ҳамчун рӯзноманигор ва сардабир фаъолият намудааст.
Ӯ дар синни 22-солагӣ ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.
Аввалин маҷмӯаи шеърии Гулрухсор «Бунафша» соли 1970 ба нашр расид. Ин маҷмӯа аз шоири ҷавону ояндадор будани ӯ ба ворисони шеъри ноб мужда медод.
Гулрухсор инчунин муаллифи маҷмӯаҳои ашъори "Хонаи падар", "Шабдарав", "Афсонаи кӯҳӣ", "Дунёи дил", “Ихлос”, “Оинаи рӯз”, “Сипар”, “Қасидаи кӯҳистон”, “Зодрӯзи дард”, “Таронаи Ватан” ва дигарон мебошад.
Ашъори ӯ ба англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, чехӣ ва забонҳои дигар тарҷума шудаанд.
Дар ин матлаб навор аз саҳифаи Бахтовари Ҷамшед истифода шудааст.
Вылившийся при крушении танкеров в Керченском проливе мазут вынесло на побережье в Краснодарском крае
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
В Футбольной лиге Таджикистана сменился директор
В США ученица устроила стрельбу в школе: трое погибших, cтрелявшая покончила с собой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста