Ҷангалпарварони тоҷик дар муддати 5 соли минбаъда майдонҳо (плантатсияҳо)-и васеи дарахти павловнийро парвариш мекунанд. Ҳамчунин ба аҳолии деҳот ва фермерҳо тавсия дода мешавад, ки ба парвариши он машғул шаванд. Як гектар майдони дарахти павловний метавонад дар як давраи нашъунамо, ки аз 4 ё 5 сол иборат аст, миллионҳо даромад орад.

Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи бунёди плантатсияҳои экологии павловнийи зуд намшъунамоёбандаро барои солҳои 2023-2027 омода кардааст.

“Бо ин мақсад ду сол қабл аз Испания ҳудуди 20 ҳазор ниҳоли ин дарахт оварда шуда, дар парваришгоҳҳои агентӣ барои шинонидан омода шуданд”,” - гуфт зимни нишасти матбуотии рӯзи 31 январ директори Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Юсуфзода.


Айни замон озмоиш муваффақона ба охир расида, 99%-и растаниҳо ба шароити Тоҷикистон мутобиқ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони хоҷагии ҷангал аллакай маъракаи таблиғи шинонидани ниҳолҳои павловнийро дар саросари Тоҷикистон оғоз карданд.

Тавре ки дар як маводи АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақолаи Сайфиддин Суннатӣ «Дарахте, ки зуд сарватманд мекунад» хабар дода мешавад, Павловния ё «Дарахти Одам» асрҳо боз дар Япония бо номи «кири» (ҳаёт) парвариш мешуд.

Сурат: ecotechnica.com

Дар ИМА аз асри ХХ шинонидан, нигоҳубин ва содироти маҳсулоти аз павловния сохташударо ба роҳ мондаанд. Аз оғози соли 2000-ум дар Англия, Олмон, Швейтсария, Булғористон, Руминия, Испания, Лаҳистон (Полша) ва дигар мамолики аврупоӣ бунёди боғҳои павловния авҷ гирифт. Дар Русия аз соли 2015 лоиҳаи «Павловния Русия» амалӣ шуда, ҳаводорони бунёди боғҳои ин дарахти муъҷизанок, махсусан дар Чеченистону Краснодар зиёданд.

Павловния дарахти зуд нашъунамоёбанда дониста мешавад, ки онро натанҳо барои тозашавии ҳаво, балки ҳамчун дарахти ороишӣ ва дар навбати аввал ҳамчун сарчашмаи тайёр кардани чӯбу тахта низ истифода мебаранд. Баъди буридан дарахт боз дубора ба сабзидан оғоз мекунад.

Аз як дарахти он метавон 1 метри мукааб чӯбу тахтаи хушсифат гирифт, ки намепӯсад ва аз ҳашароти зараррасон осеб намебинад. Чӯбро метавон дар сохтмон ва сохтани мебел, аз ҷумла дару тиреза, ҷевон, диван ва партовҳояшро ба сифати ҳезуми экологӣ истифода кард.

Хазони баргҳои рехтаи он таркиби хокро бо азот серғизо гардонида, ба чорвои хонагӣ ҳамчун хӯрока додан мумкин аст.

Ниҳолҳои 1-солаи павловний барои шинонидан
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Баргҳои павловния паҳну васеъ ва мулоим буда, аз ин рӯ, онро аксар вақт дар кӯчаҳои шаҳр, боғу хиёбонҳо ҳамчун монеаи зинда аз чангу хок мешинонанд.

Гули Павловния хеле зебо ва эстетикӣ буда, онҳоро занбӯрҳо дӯст медоранд ва аз як гектар боғи он 1-1,5 тонна асали шифобахш гирифтан имкон дорад.

Бо парвариши чунин боғҳо ҳудудҳои бекорхобида ё ифлосшуда азхуд гардида, ба минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбанд, ки аз онҳо метавон фоидаи зиёд ба даст овард.

Бо назардошти 4 ҳазор сомонӣ арзиши имрӯзаи 1 метри мукааб чӯбу тахта дар бозори масолеҳи сохтмон, пас аз 4-5 сол соҳиби боғи павловния метавонад тақрибан беш аз 2 миллион сомонӣ даромад ба даст орад.

Ниҳоли ҷавони павловния дар 6-моҳагӣ гул мекунад
Сурат: Asia-Plus

Мутахассисони хоҷагии ҷангал инчунин дигар хосиятҳои ин дарахти аҷибро зикр карданд - он ба бемориҳои растанӣ хеле тобовар аст, коркард бо инсектисидҳоро талаб намекунад, бо дигар навъҳои дарахтон, ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо, гиёҳҳои алафӣ комилан дар якҷо нашъунамо меёбад.

Павловния хокро аз бодхӯрдашавӣ (эрозия) комилан муҳофизат мекунад, зеро сохтори решаи он ба умқи 10-12 м мерасад.

Директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода зикр кард, ки дар доираи барномаи оянда дар майдони 1000 гектар бунёди боғҳои павлония ба нақша гирифта шудааст.

“Лекин ба ғайр аз Агентии мо, дигар ташкилоту хоҷагиҳои фермерӣ низ ба парвариши павловния машғуланд, аз ин рӯ, майдони кишти онро метавон то 5 ҳазор гектар расонид”, - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Юсуфзода, павловния боз аз як ҷиҳати дигар ҷолиб аст, ки ба ҷуз замини лалмии беоб, дигар дар ҳама гуна замин парвариш ёфта, ба намии доимӣ ниёз дорад.

Дарахтони камолёфтаи павловния
Сурат: vocea.md

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон мавсими ниҳолшинонӣ ҷараён дорад, ки то моҳи апрел давом мекунад. Дар бозорҳо ба ҷуз корхонаҳои хоҷагии ҷангал, фурӯшандагони хусусӣ низ ниҳолҳои худро пешниҳод мекунанд.

Мутахассисони хоҷагии ҷангал изҳор доштанд, ки павловния якчанд навъ буда, ҳамаи онҳо барои парвариш ва даромад гирифтан мувофиқанд. Вале дар аввал ҳамаҷониба омӯхтани корҳои агротехникии парвариши он ва тавсияи мутахассисон зарур аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.