Душанбе соли 2021 дар қатори даҳгонаи пойтахтҳое номбар гардид, ки ҳавояшон зиёд ифлос аст. Дар робита ба ин, тасмим гирифтем ҳавои ду шаҳри калонтарини Тоҷикистонро муқоиса кунем, ки дар кадоми он ҳаво тозатар аст.
Зимни таҳлил нишондиҳандаҳои пойгоҳҳои ҳавосанҷӣ дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд истифода гардид. Бояд гуфт, ки ин гуна пойгоҳҳо дар Душанбе 1 ва дар Хуҷанд 4-то мебошад.
Маълум гардид, ки ҳавои Хуҷанд назар ба ҳавои шаҳри Душанбе тозатар аст. Давоми соли 2022 дар Душанбе 4 рӯз ва дар Хуҷанд 232 рӯз сифати ҳаво муътадил будааст.
Сифати ҳаворо чӣ гуна баҳогузорӣ мекунанд?
Сифати ҳаво дар асоси маълумот доир ба PM2.5 ба ҳар метри мукааб (мкг/м³) чен карда мешавад. PM2.5 ин зарраҳои сахт бо андозаи камтар аз 2,5 микрон мебошанд. Диаметри онҳо 30 маротиба хурдтар аз диаметри мўйи инсон аст. PM2.5 яке аз шаш моддаи олудакунандаи ченшавандаи ҳаво буда, барои саломатии инсон зараровар аст.

Барои соли 2022 нишондиҳандаи миёнаи солонаи Душанбе 108.7 рм2.5-ро ташкил мекунад, ки ин 8.5 маротиба бештар аз тавсияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Маълумот оид ба сатҳи олудагии ҳавои шаҳри Душанбе тариқи ҳавосанҷе, ки Сафорати Амрико насб кардааст, дастрас карда шуд. Таҳлили ин маълумот нишон дод, ки ҳавои пойтахт дар се моҳи фасли зимистон ифлостар мешавад.
Барои таҳлили вазъи ҳавои шаҳри Хуҷанд маълумотҳо аз сомонаи AirQaz.com гирифта шудааст. Нишондиҳандаи шаҳри Хуҷанд 4.7 маротиба аз тавсияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) зиёд аст. Нишондиҳандаи миёнаи солонаи шаҳри Хуҷанд 60.8 рм2.5 мебошад.
Барои чӣ ҳаво дар Душанбе ифлосу Хуҷанд тозатар аст?
Тавре маълум гардид, ҳаво дар Душанбе нисбат ба Хуҷанд ифлостар аст, дар ҳоле, ки дар Хуҷанд корхонаҳои саноатӣ зиёданд.
Икромҷон Мамадов, эколог аз шаҳри Хуҷанд сабаби ифлосии ҳавои Душанберо ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва релефи он вобаста медонад.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби дар “коса” ҷойгир будани Душанбе, яъне атрофи онро печонидани кӯҳҳо, ҳавои ифлос аз болои шаҳр дур шуда наметавонад.
“Нисбат ба пойтахт тозатар будани ҳавои Хуҷанд ба релефи водии Фарғона ва таъсири дарёи Сир вобаста аст. Манбаи ифлосшавӣ на фақат саноат, балки нақлиёт, бахши хусусӣ ва хуроки умумӣ низ мебошад” – гуфт Икромҷон Мамадов.
Ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳавои ифлос омили аслии пайдоиши бемориҳои дилу шуш, бронхит, эмфизема, астма ва марги бармаҳал мебошад.
СУТ барои пешгирии хатари ифлосшавии ҳаво роҳҳои кам кардани партовҳои моддаҳои ифлосунанда, аз ҷумла истифодаи ками маводи сӯзишворӣ, сафар бо нақлиёти ҷамъиятӣ, дучархаронӣ ё пиёдагардӣ, мониторинги сифати ҳаворо пешниҳод кардааст.
Навруз на Памире: здесь точно знают, как изгнать духов и исполнить мечту
Еще один футболист из Таджикистана переехал в Беларусь
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
США отменили вознаграждение в 10 миллионов долларов за поимку Сироджиддина Хаккани
В Душанбе создадут «налоговый рай» для производителей промпродукции
Как аденоиды могут вызвать ночное недержание у детей
В Узбекистане построят заводы по переработке мусора в электроэнергию
Дональд Трамп допустил, что Россия затягивает подписание соглашения о прекращении огня
В Таджикистане создают «Фонд распределения выгод» от продажи электричества Рогунской ГЭС
В Турции продолжаются протесты после ареста Экрема Имамоглу. ВВС рассказывает, как мэр Стамбула стал лидером оппозиции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста