Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки 6-уми март дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос дастгир шуд, бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар шудааст.
Хуршед Фозилов ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.
Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор имрӯз, зимни суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ӯ ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар аст.
“Бо бародарам дар ҳузури вакили дифоъ чанд дақиқа суҳбат кардам. Аз саломатиаш шикоят накард, ҳамчунин осори шиканҷа ҳам дида намешуд. Мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст”, - гуфт Хушбахт Фозилов.
Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз се то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
То ин лаҳза мақомот қазияи боздошт ва иттиҳоми Хуршед Фозиловро расман шарҳ надодаанд ва кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани шарҳи бештар бесамар анҷомид. То ҳол маълум нест, ки дар кадом замина алайҳи ӯ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.
Ӯро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд.
Қаблан, соли 2022 чор журналисти дигар тоҷик ҳам боздошт ва маҳз бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати аз 7 то 10 сол равонаи зиндон шуданд.
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Таджикистан и Иран обсуждают сотрудничество в экономике и безопасности
Пострадавшие от землетрясения в Раште переселены, населению доставлена помощь
"Евгений Онегин" и "Криминальное танго": как прошел второй день фестиваля "Парасту-2025"
Трамп пообещал платить нелегальным мигрантам, которые согласятся добровольно покинуть США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста