Дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май давом меёбад. Ба хидмат ҷавонписарони синнӣ аз 18 то 27-сола ҷалб мешаванд. Ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафар гуфта мешавад. Аз миёни ин теъдод, тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар ҳар як мавсими даъват 6-7 ҳазор нафар ба артиш ҷалб мегардад. Аммо он ҳам ба душворӣ иҷро мешавад.
Мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайра пешниҳод менамоянд.
Бо зикри имтиёзҳои пешниҳодгардида, мақомот аз афзоиши ихтиёриён ба хидмати ҳарбӣ мегӯянд ва барои риоя кардани тавозун, хабарҳо аз рафтани хидмати писарони мансабдорон ба артиш низ садо медиҳад. Мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ вуҷуди мушкил дар даъват ба артишро эътироф накардаанд, аммо тавре мушоҳида нишон медиҳад, ин муаммо ҳалли худро наёфтааст ва баръакс, ҳар сол, бо оғози маъракаи даъват, шеваҳои нави он истифода мешавад.
“Облава” – ин одамрабоӣ нест?
Маъмултарин шеваи ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш ин “облава” ва ё сарбозшикор аст. Сарбозшикор – яъне кормандони комиссариати ҳарбӣ (ҳоло аксари мақомоти қудратӣ ба ин маърака ҷалб мешаванд) ҷавонони синни хидматро дар ҳар куҷое (хона, кӯча, бозор ва ҳоказо) боздошта, иҷборан ба артиш мебаранд.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро “облава” меноманд.
Ҳомиёни ҳуқук мегӯянд, ин шеваи даъват хилофи қонун аст, вале мақомот ҳар сол вуҷуди "облава"-ро рад карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Чунин менамояд, ки “облава” ҳам мушкили ҷалби ҷавононро ба артиш ҳал намекунад ва мақомот аз шеваҳои нави даъват ба хидмати ҳарбӣ истифода мекунанд.
Гаравгонгирии волидайн
Соли гузашта, як рӯз пеш аз анҷоми маъракаи расмии даъвати ҳарбӣ, волидайни бархе даъватшавандагон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд шикоят карданд, ки мақомот онҳоро ба "гарав" гирифта, “талаб мекунанд, ки фарзандашонро, ки аксаран дар хориҷи кишвар қарор доранд, баргардонида, ба артиш фиристанд”.
Як сокини шаҳри Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “мақомот онҳоро то замони баргаштани писарашон ё пешниҳоди нусхаи чиптаи ҳавопаймо дар бинои комиссариати ҳарбӣ ё шуъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ медоранд. Намояндагони мақомот гуфтаанд, ки дар сурати барнагаштани писарашон нисбати онҳо чораи қонунӣ меандешанд”.
Ҳодисаи ҳамсон дар шаҳри Панҷакент низ рух дода буд ва волидайни чанд даъватшаванда гуфта буданд, ки масъулини даъватии шаҳр сокинонеро, ки писарашон дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, барои аз хидмати ҳарбӣ гурезондани фарзандонашон, боздошт кардаанд.
Гуфта мешуд, ки дар байни як ҳафта тақрибан 15 нафар аз сокинони деҳаҳои гуногуни шаҳр, асосан падарони ҷавонони синну соли даъватиро бурда, дар шуъбаи милитсияи шаҳри Панҷакент маҳкам кардаанд. Ба онҳо амр додаанд, то ба фарзандони худ дар Русия занг зада, аз боздошти худ хабар бидиҳанд ва фарзандонашонро маҷбур кунанд, ки баргарданд ва ба хидмати ҳарбӣ раванд.
Масъулини маъракаи даъвати ҳарбӣ ин хабарҳоро дурӯғ номида, гуфта буданд, ки онҳо тибқи талаботи қонун волидайнро даъват карда, даъватномаҳои фарзандонашонро месупоранд.
Буридани хатти барқи хона ва бастани дари масҷид
Соли гузашта сокинони маҳаллаи Дилбарӣ дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён шикоят карда буданд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш ноқили барқи чанд хонаро буридаанд.
Ҳошим Чиллаев, раиси маҳалла шикоят карда буд, ки давоми ду ҳафта дари се масҷиди маҳалларо барои саркашии ҷавонон аз хидмат бастанд.
Бастани дари масҷид ва буридани хати барқ дар минтақаи Суғд низ рух дода буд ва ҳатто сокинони як маҳалла шикоят карда буданд, ки барқашонро барои ба артиш нарафтани як ё ду ҷавон пурра қатъ мекунанд.
Ин бор ҳам мақомот тамоми даъвоҳоро рад карданд.
Аз пояи ҳавопаймо рост ба артиш
Шеваи дигари даъват боздошти ҷавонон зимни сафар ё бозгашташон аз ё ба хориҷи кишвар, махсусан Русия аст. Ин ҷавононро маҷбур кардааст, ки ё пештар аз маъракаи оғози даъват сафар кунанд ё агар фурсат наёфтанд, дар хонаи хешу таборон пинҳон шаванд.
Соли 2021 наздикони як ҷавони 20-сола аз шаҳри Турсунзода шикоят карда буданд, ки ӯ аз назди зинапояи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт ва ба артиш сафарбар шудааст. Волидони ҷавон гуфта буданд, ки ӯ 2 сол инҷониб барои пулкоркунӣ дар Русия қарор дошта, 9 декабри соли 2021 пас аз фаҳмидани бемории бибиаш таъҷилан ба ватан омадааст.
Бо гузашти як шабонарӯз, ҷавон худаш занг зада, хабар дода буд, ки дар комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар аст ва се рӯз пас, 12-уми декабр ӯро аллакай яке ба аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Турсунзода фиристоданд.
Қурбон Сафаров, муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҷой доштани чунин ҳолатҳоро тасдиқ карда, гуфта буд, ки “то анҷоми даъват чанде бо либоси мулкӣ назди даромадгоҳи фурудгоҳ меистоданд”.
“Иҷоза надиҳед, ки тарки ватан кунанд”. Мактуб ба фурудгоҳҳо
Як шеваи “навтарин”-и даъвати имсола ба артиш мактуб ба фурудгоҳ будааст. Як манбаъ аз яке аз фурудгоҳҳои кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки масъулини маъракаи даъвати ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар тариқи мактуби расмӣ аз фурудгоҳҳои кишвар хостаанд, ки даъватшавандагонро нагузоранд, ки ба хориҷ сафар кунанд.
Ҳамчунин, рӯйхати даъватиҳоро дар мактуб замима кардаанд.
“Сарбозшикор” дар донишгоҳҳо
Соли гузашта, баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ, ки тибқи он акнун донишҷӯён, магистрон ва аспирантон низ ба хадмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд, чанд нафар дар назди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн шаҳри Душанбе бо нашри як навор шикоят карда буданд, ки як донишҷӯйро ҳангоми дарс шахсони ношинос ба мошине, ки рақами қайди давлатӣ надошт, бор карда, ба ҷои номаълум бурданд. Дар навор, яке аз устодони донишкада нақл мекунад, ки онҳоро эҳтимол тариқи “облава” ба артиш бурда бошанд, Ба гуфтаи ӯ, давоми чанд рӯзи охир ин аллакай ҳодисаи дуввум аст.
Ҳодисаи иҷборан савор кардани донишҷӯёни Колеҷи тиббии шаҳри Ёвон ба автобус ва монеъ шудани духтарон ба ин кор аз ҳодисаҳои баҳсбарангези соли гузашта буд.
Дар навори паҳнгардида дида мешуд, ки шахсони ношинос мехостанд, донишҷӯёнро баъди имтиҳони давлатӣ иҷборан ба артиш баранд, вале духтарон ба сӯи автобус санг мепартоянд. Дар навор гуфта мешуд, ки ҷавононро ба имтиҳони давлатӣ даъват карданд, вале кормандони мақомоти қудратӣ коллеҷро иҳота карда, онҳоро ба артиш мебаранд.
Зулфия Ҳасанова, муовини директори Коллеҷи тиббӣ ҳодисаро тасдиқ қарда, аммо гуфта буд, ки донишҷӯёнро барои ошноӣ ба мактуби вазири маориф дар бораи ташкили имтиҳонҳои бармаҳал барои хатмкунандагоне, ки хоҳиши ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтан доранд, ҷамъ карданд.
Ҳамчунин, наздикони даъватшавандагони дигар аз якбора хориҷ шудану ба артиш ҷалб шудани донишҷӯён нигаронӣ мекарданд.
Чораи бечорагӣ ё низоми нави ҷалби донишҷӯён
Дар даъвати баҳории соли гузашта, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳо иҷозат дод, ки ихтиёран имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.
Аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ин тасмим бо талаби худи хатмкунандагон сурат гирифтааст ва бархе донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ бо ариза муроҷиат карда, хостори хизмат дар артиш шудаанд.
Дар номаи Вазорати маориф ва илм, зикр мешуд, ки ин тасмим дар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гирифта шудааст.
Рӯйхати онҳое, ки имтиҳон месупоранду ба хидмат мераванд, аз сӯйи комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳо омода ва ба донишгоҳ ирсол гардид.
Коршиносон гуфта буданд, ки интизор меравад бо баҳонаи мактуб донишҷӯён, махсусан хатмкунандагонро иҷборан ба артиш ҷалб намоянд.
Баъди ин мактуб, донишгоҳҳои кишвар бо нашри акси даҳҳо хатмкунанда хабар доданд, ки онҳо бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2022 беш аз 2,3 ҳазор донишҷӯён дар Тоҷикистон ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтанд.
Имтиҳонро барвақт месупоранд, то ба артиш баранд?
Масъулини маъракаи даъвати ҳарбӣ имсол низ шеваҳои нави даъватро “эҷод” карданд.
Донишҷӯёни шикоят доранд, ки омӯзгорон аз онҳо хостаанд, ба имтиҳон ва ҳимояи рисолаи дипломии пеш аз муҳлат омода бошанд. Онҳо нигаронӣ карданд, ки эҳтимол ин тасмим ба хотири пас аз супоридани имтиҳон ва ҳимояи диплом ба хидмати ҳарбӣ бурдан, гирифта шудааст.
Аз чанд донишгоҳи Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки донишҷӯёнро барои пеш аз муҳлат супурдани имтиҳонҳои давлатӣ омода мекунанд, вале аз ҷониби Вазорати маориф дар ин бора фармон нагирифтаанд. Онҳо гуфтанд, “агар касе аз донишҷӯён хоҳиш дошта бошад, ки ба хидмати ҳарбӣ равад, донишгоҳ ба ӯ барои пеш аз муҳлат супурдани имтиҳонҳо имкон медиҳад”.
Дар Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки чунин фармон нест ва “ин овозаҳо дурӯғанд”.
Тоқии “тақдирсоз”
Шеваи дигар ва то ҷое аҷиби даъвати ҳарбии имсола, қуръакашӣ тавассути тоқӣ аст. Дар дохили тоқӣ варақаҳоро гузоштанд. Агар аломати ҷамъ насибатон шуд, бояд ба артиш равед ва агар аломати тарҳ гирифтед, имсол озодед.
Оне, ки писараш дар Русия аст ва аломати ҷамъ гирифта, бояд фарзанди худро ба ватан биорад. Ҳузури волидон дар ҷараёни он ҳатмист.Қуръакашӣ қариб дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Вахш ва чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд таҷриба карданд. Чанд рӯз пас, ноҳияи Вахш хабар дод, ки нақшаи даъватро иҷро кардааст. Эҳтимол ин самараи тоқии “тақдирсоз” бошад.
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста