Занҳо метавонанд бо риояи одоби зиёрати маконҳои динӣ аз масҷиди навбунёди шаҳри Душанбе дидан кунанд, аммо тибқи қарори Шӯрои уламои кишвар, ба онҳо тавсия дода намешавад, ки дар масҷид намози ҷамоат гузоранд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мегӯяд, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои ба масоҷид рафтани занон ҳеҷ монеа вуҷуд надорад, аммо дар асоси қарори Шӯрои уламои кишвар, ки соли 2004 содир шудааст, дар масоҷид гузоштани намози ҷамоат ба занҳо тавсия дода намешавад, беҳтар аст, ки онҳо дар хона ибодат кунанд.

“Агар занҳо ба масҷид барои зиёрат ё боздид раванд, ҳеҷ мушкиле нест. Аз ҷумла, онҳо озодона метавонанд ба масҷиди навбунёди Душанбе раванд ва онро тамошо кунанд. Танҳо онҳо бояд одоби зиёрати маконҳои муқаддасро риоя кунанд. Яъне, либоси мувофиқ ба бар карда бошанд ва ба намозгузорон халал нарасонанд. Хондани намози ҷамоат бошад, мутобиқи қарори Шӯрои уламои кишвар тавсия дода намешавад”, - гуфт Афшини Муқим.

Афшини Муқим мегӯяд, ки қарори Шӯрои уламои кишвар танҳо гузоштани намози ҷамоатро тавсия намедиҳад, аммо “агар зане ба тамошои масҷиди нав равад ва бо риояи муқаррарот ва одоби динӣ дар гӯшаи масҷид намоз хонад ҳам, мушкил нест”.

Афшини Муқим
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Шӯрои уламои кишвар фатвои худро “дар асоси ҳадиси Паёмбари акрам (с) “Беҳтар аст, ки занон дар хонаҳояшон намоз хонанд” гирифтааст ва тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам ҳам барои занҳо хондани намоз дар хона беҳтар дониста мешавад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар аксари давлатҳо бо ҷемеаи мусалмонӣ барои занҳо ҷиҳати зиёрати маконҳои динӣ муқарророти хос, аз ҷумла ба бар кардани либоси мувофиқ муайян шудааст.

Рустам Азизӣ, коршиноси масоили динӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар дини ислом ягон далеле нест, ки рафтани занҳо ва намоз гузоштани онҳоро дар масоҷид мутлақан манъ кунад, вале дар шароити Тоҷикистон беҳтар аст, занон дар хонаҳояшон намоз гузоранд.

“Дар давраи паёмбар Муҳаммад (с) занон ба масҷид меомаданд ва намоз мегузоштанд. Расули Худо ҳам ҳеч занеро аз ин кор боз надоштаанд. Ҳоло ҳам дар масоҷиди бузургтарини ислом, ба вижа дар Маккаву Мадина бо риояти муқаррароти динӣ занон намоз мехонанд”, - мегӯяд Рустам Азизӣ.

Дар баробари ин, ӯ таъкид мекунад, ки “паёмбари акрам (с) дар чандин ҳадиси саҳеҳ гуфтаанд, ки барои занон беҳтар аст, дар хонаҳояшон намоз гузоранд. Дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳам дар хона намоз гузоштани занҳо тавсия дода мешавад”.

Рустам Азизӣ
Акс аз пойгоҳи хабарии "Кабар Азия"

Сабаби асосии дар масоҷиди кишвар намози ҷамоат нагузоштани занҳоро Рустам Азизӣ ба адами шароити мусоид вобаста медонад.

“Барои он ки занҳо дар масоҷид намози ҷамоат гузоранд, бояд барои онҳо даромадгоҳу таҳоратхонаи алоҳида ва ҷойи намозгузории ҷудо аз мардон бунёд карда шавад. Хуб нест, ки занон бо мардон китф ба китф зада, барои гузоштани намоз ба масҷид раванд”, - хулоса кард Рустам Азизӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.