Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки шумори парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе зиёд мекунад.

Дар иттилоияи расмии ширкати гуфта мешавад, шурӯъ аз 19-уми июл ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба Мюнхен ва самти бозгашт ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод.

“Зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба кишварҳои Аврупо боз ҳам наздиктар месозад, балки барои мусофирон ба ҳангоми банақшагирии сафар имкониятҳои бештар фароҳам меорад”, - зикр мешавад дар иттилоияи расмии ширкат.

Гуфта мешавад, вақти парвоз аз Душанбе - 00:10, аз Мюнхен – 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 сурат мегиранд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳо анҷом медиҳад.

Дар парки худ ширкат ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.