Коршиносону сокинон яке аз сабабҳои муносибати дағали мақомоти Русия бо тоҷиконро ба таври зарурӣ ҳимоя нашудани ҳуқуқи онҳо аз ҷониби сафораташон медонанд.

Бо назардошти он ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беш аз як миллион аст, қариб ҳар рӯз аз ҳар гӯшаи ин кишвар дар бораи ҳодисае бо иштироки тоҷикон дар расонаҳо иттилоъ нашр мешавад. Баъзеи ин ҳодисаҳо вокунишҳои мухталифро ба миён оварда, миёни ҷомеа ба таври васеъ муҳокима мешавад. Дар аксари ҳолатҳо, дар куҷо ва чӣ гуна рух додани ҳодиса ошкор мешавад, аммо баъдтар саволҳои зиёд ба миён меояд, ки норӯшан аст: Чаро ин воқеа рух дод? Кӣ гунаҳкор аст? Кӣ ва чӣ чазо гирифт?

Дар чунин ҳолат, аввалин ниҳоде, ки ҷомеа барои посух ёфтан ба саволҳои хеш муроҷиат мекунад, сафорати Тоҷикистон дар Русия аст.

Посухи сафорат аксар вақт яксон аст ва баъзан дар сомона ва саҳифаи фейсбукаш нашр мешавад: “Сафорат аз ҳодисаи рухдода дар ҷараён аст ва он зери назорат ва пайгирӣ қарор дорад”.

Саволҳои зиёд ва посухи ҳамеша тайёр

Масалан, 8-уми августи соли 2022 сафорат дар бораи марги як ҷавони тоҷик ҳангоми анҷом додани корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионии Маскав хабар дода, дар охир навиштааст: “Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии сафорат қарор дорад”. Аммо баъдан дар бораи он ки чаро қоидаҳои бехатарӣ риоя нагардидааст, барои марги ин ҷавони тоҷик корфармо ҷуброн пардохт кардааст ё не ҳеҷ, иттилое пешниҳод намегардад.

Ва ё дар робита ба ҳалокати се нафар ҷавони тоҷик дар вилояти Самара, се нафари дигар дар шаҳри Санкт-Петербург ва дар вилояти Маскав зимни садамаи нақлиётӣ хабар дода, боз ҳам навиштааст, ки ҳодисаҳо зери назорат ва пайгирӣ қарор доранд, аммо баъдан ҳеҷ иттилое дар бораи гунаҳкорони садама ва натиҷаи санҷишҳо надодааст.

Дар бораи марги ду нафар ҷавони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург, ки аз ошёнаи 13-ум афтода буданд, низ сафорат изҳори тасаллият баён карда, ҳодисаро зери назорат гирифтааст, аммо баъдан оид ба ин ҳодиса тафсилот пешниҳод накардааст.

Ин гуна ҳодисаҳо хеле зиёданд, ки сафорат аз ҳодиса огоҳ гардида, онро “зери назорат ва пайгирӣ” гирифтааст, аммо баъдан ягон иттилоъ надодааст.

Донишҷӯёни тоҷикро чаро заданд?

Ҳангоми ҳодисаҳои пурсарусадои боздошту латукӯби оммавии муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия, ки моҳи майи соли 2023 рух дод, сафорати Тоҷикистон бо нашри ҳамагӣ як хабар дар сомона, ду хабару як эълон дар саҳифаи фейсбуки худ иктифо кардааст.

Бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Аз ҷумла, рӯзи 19-уми майи соли равон беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск мавриди латукӯб ва муносибати дағал қарор гирифтанд.

Сафорати Тоҷикистон бо гузашти 11 рӯз аз ҳодиса, 30-юми май бо нашри як хабари кӯтоҳ навишт, ки аз ҳоли донишҷӯён хабар гирифтааст, теъдоди осебдидагон 10 нафар аст, онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва саломатиашон муътадил арзёбӣ мегардад. Қазияро бо мақомоти Русия баррасӣ доранду барои ҳалли одилонаи он талош мекунад. Бо ҳамин, тамом.

Донишҷӯён чаро латукӯб шудаанд? Барои вайрон кардани ҳуқуқи донишҷӯён кӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд? Оё сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Русия талаби тавзеҳ кардааст?

Ба ин саволҳо дар хабари кӯтоҳи сафорат посух дода намешавад ва бо гузашти як моҳ аз ҳодиса, то ҳол сафорат нагуфтааст, ки донишҷӯёни тоҷикро чаро заданд ва натиҷаи тафтишот (сафорат гуфта буд, ки бо мақомот қазияро баррасӣ доранд) чӣ аст? Ва ин ниҳод ҳуқуқи донишҷӯён – шаҳрвандони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳимоя кардааст?

Вақте “Азия-Плюс” сабаби латукӯби донишҷӯёнро аз сафорат пурсон шуд, матни хабари дар сомонаи сафорат гузошта ирсол гардид, аммо ба саволи асосӣ посух дода нашуд.

Вақте муҳоҷирони кории тоҷикро латукӯб мекарданд...

Вақте муҳоҷирони кории тоҷикро дар минтақаҳои гуногуни Русия боздошту латукӯб мекарданд, сафорат ду хабар нашр кард. Ду хабар дар робита ба боздошти тоҷикон дар минтақаи Кателники ва Митинои вилояти Маскав буд.

Дар ин хабарҳои кӯтоҳ танҳо оид ба огоҳӣ аз ҷараёни “амалиёт”-и мақомоти Русия ва озод шудани 20 нафар аз 57 нафар шаҳрванди  боздоштшудаи тоҷик дар Митино хабар дода мешавад.

Дар эълон, ки 26-уми май нашр шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русияро аз “амалиёти пай дар пай оид ба ошкор намудани будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат” огоҳ менамояд, дар ҳоле, ки чанд рӯз пеш боздошту латукӯби муҳоҷирону донишҷӯён оғоз гардида буд.

Дар хусуси талаби сафорати Тоҷикистон оид ба шарҳи ҳодисаҳои латукӯби муҳоҷирон ва муносибати ғайриинсонӣ бо онҳо аз мақомоти Русия умуман иттилоъ дода намешавад ва маълум нест, ки чунин як иқдом сурат гирифтааст ё не.

Дар робита ба охирин қазияи муноқишаи тоҷикон ва қирғизҳо дар вилояти Иркутск, ки 9 нафар маҷрӯҳ шудаву дар пайи он 10 нафар боздошт гардиданд, сафорати Тоҷикистон дар Русия зарур нашуморид, ки фавран шарҳе пешниҳод кунад. Ҳатто ҳамон посухи ҳамешагии худ: “Сафорат аз ҳодисаи рухдода дар ҷараён аст ва он зери назорат ва пайгирии сафорат қарор дорад”-ро низ дар сомонаи худ нашр накард.

Дар ҳоле, ки сафорати Қирғизистон дар Русия зуд ҳодисаро шарҳ дод ва бо шаҳрвандони худ дар тамос шуд. Дар чунин ҳолат, бо назардошти муносибати ҳассоси тоҷикон ва қирғизҳо, ҷомеа ҳақ дорад аз сафорат талаб кунад, ки фаъол бошад ва ҳодисаро шарҳ диҳад.

Ноҳаққӣ мебуд, агар гӯем, ки сафорати Тоҷикистон ба ҳаводиси вобаста ба тоҷикони муқими Русия умуман вокуниш намекунад. Таҳлили сомонаи ин ниҳод нишон медиҳад, ки вобаста ба фавти тоҷикон, фиристодани онҳо ба Ватан, кӯмак ба бозгашти баъзе аз шаҳрвандон иттилоъ ироа мешавад. Масалан, қазияи қатли духтараки тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ва то охир пайгирӣ шудани он, ки бо ҳукми тӯлонии зиндон гирифтани қотил анҷомид.

Натиҷаи “зери назорат гирифтан ва пайгирӣ” чист?

Аммо дар робита ба ҳодисаҳои пурсарусадо ё хомӯшӣ авло дониста мешавад ё бо як ҷумла “ҳодисаро зери назорат ва пайгирӣ” қарор медиҳанд, аммо баъдан дар бораи бо чӣ анҷомидани он ҳеҷ иттилое пешниҳод намегардад.

Ба таъкиди коршинос, маҳз ҳамин “зери назорат гирифтан ва пайгирӣ” кардан, аммо дар асл, то ба охир таҳқиқ накардани омили сар задани ҳодиса, пофишорӣ барои муайян кардани гунаҳкорон, адами ҳимояи қавии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия боис гардидааст, ки мақомоти Русия бо тоҷикон муносибати дағалонаро раво бинанд.

Мисоли рӯшани он латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Комсомолски лаби Амур ё боздошту муносибати дағалона бо муҳоҷирони кории тоҷик аз ҷониби мақомоти интизомии Русия аст, ки бо гузашти як моҳ сабабу омилони ин қонуншиканиҳо маълум нашудааст.

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия
scientificrussia.ru

Барои муайян огоҳ шудан аз натиҷаҳои “зери назорат гирифтан ва пайгирӣ намудан”-и ҳодисаҳо “Азия-Плюс” чанд маротиба ба масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намуда, хостори оростани мусоҳиба бо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода шуд, аммо ба ҳар баҳона, аз ҷумла серкории ҷаноби сафир, мусоҳиба баргузор нагардид.

“Азия-Плюс” ҳоло низ омода аст, ки бо ҷаноби сафир мусоҳиба баргузор кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.