Имрӯз мо дар асри иттилоот – асри интернет зиндагӣ мекунем. Асре ки дар як мижа задан иттилоот аз як кунҷи дунё ба кунҷи дигараш паҳн мешавад. Иттилоот аз манбаҳои мухталиф сарчашма мегирад ва на ҳамеша дақиқу ростин аст. Мутаассифона рӯз ба рӯз шумори хабару паёмҳои “фейкӣ”, бардурӯғ ва таҳрифшуда дар шабакаи интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ меафзоянд.

Танҳо ба туфайли тафаккури интиқодӣ, яъне бо назари шубҳа нигоҳ кардан ба маълумот, мо метавонем хабари бардурӯғро аз ростин ҷудо кунем. Барои ҳамин имрӯз тасмим гирифтем дар бораи тафаккури интиқодӣ ва чӣ тавр рушд додани он ба шумо маълумот дихем.

 

Тафаккури интиқодӣ чист?

Тафаккури интиқодӣ яке аз малакаҳои асосии асри 21 аст, ки ба шахс имкон медиҳад, то иттилоотро таҳлил кунад, хулоса барорад, маълумотро қабул ё рад кунад ё мавқеашро оиди ин ё он мавзӯъ муайян намояд. Тафаккури интиқодӣ ин қобилияти хуб ва оқилона андеша кардан аст, ки дар асоси он шахс чӣ кор кардан ё ба чӣ бовар карданашро муайян менамояд.

 

Чӣ бояд кард, то тафаккури интиқодиро рушд диҳем?

Бидуни дониши кофӣ ба таври интиқодӣ фикр кардан ғайриимкон аст. Барои рушди тафаккури интиқодӣ шахс бояд аз донишҳо ва маълумоти зиёд бархӯрдор бошад. Пеш аз баҳодиҳии интиқодӣ ба мушкилот, он бояд аз ҳама ҷониб таҳқиқ карда шавад: шахс бояд вазъро дар заминаи рӯйдодҳои дигар бубинад ва бо мурури замон рушди онро пайгирӣ намояд.

 

5 маслиҳати муфид барои рушди тафаккури интиқодӣ:

- Ҳамеша ба омӯзиши соҳаҳои гуногун машғул шавед, яъне ҷаҳонбинии худро дар ҳама самт васеъ гардонед;

- Адабиёти бадеӣ ва илмиро мунтазам мутолиа намоед;

- Филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дарсҳои интернетӣ, ки дар порталҳои омӯзишӣ ва Youtube – каналҳо дастрас ҳастанд, тамошо намоед;

- Одамон ва рафтори онҳоро мушоҳида кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, то сабаби рафтори онҳоро фаҳмед ва стратегияи ҳамкорӣ дар вазъиятҳои гуногунро таҳия намоед;

- Бо мардум гуфтугӯ кунед, ба андеша ва таҷрибаи онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки мавқеи худро нисбати ягон масъала муайян намоед.

Дониши расонаии худро муккамал созед ва аз маълумоти бардуруг худ ва наздиконатонро эмин доред.

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.