Солҳои наздик дар доираи 4 лоиҳаи нав Тоҷикистон ба бахши сайёҳӣ зиёда аз 100 млн доллар маблағгузорӣ ҷалб мекунад.
Нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби машваратчиёни байнулмилалии Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ ва Нақшаи рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2022-2030 омода шудааст.
Дар ин бора рӯзи 9 август зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муминзод хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин миёни ширкатҳои консалтингӣ барои таҳияи ду нақшаи генералии рушди сайёҳӣ - якумаш дар Душанбе ва гирду атрофи он ва дуюмаш дар Панҷакент ва кӯҳҳои Фон озмун эълон шудааст.
Бар асоси онҳо 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 100 млн доллар таҳия мешаванд. Барои амалисозии лоиҳаи аввал, ки аз соли 2025 оғоз мегардад, Бонки осиёии рушд ба сифтаи грант 45 млн доллар ҷудо мекунад.
Айни замон дар соҳаи сайёҳӣ лоиҳаи рушд бо маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба маблағи 10 млн доллар амалӣ мешавад. Дар доираи лоиҳа нақшаи комплексии рушди сайёҳӣ бо шумули таҳлили талабот дар бозор ва таҳияи харитаҳои малакаҳо, инчунин таҳкими имконоти ниҳодӣ дар бахши сайёҳӣ омода мешавад.
Лоиҳа ба кишвар ҳамчунин дар таҳияи Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ, ки омили стратегӣ барои рушд ва мониторинги бахш мебошад, кумак мекунад.
Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ дар бораи ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, шуғл дар сатҳи миллӣ ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ; робитаи сайёҳӣ бо воридоти софи асъор; ҳиссаи навъҳои гуногуни сайёҳӣ дар баробари даромади марбута ва тақсими хароҷот ба сайёҳӣ маълумот медиҳад.
Дар назар аст, ки амалисозии лоиҳа соли 2023 ба итмом расад.
Лоиҳаи дуюм қисмате аз лоиҳаи рушди иқтисоди деҳот дар Тоҷикистон буда, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 30 млн доллар маблағгузорӣ мешавад, ки 15,7 млн доллари он ба рушди сайёҳӣ равона мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби МД ”Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и Вазорати молияи ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.
Дар доираи лоиҳа масоили вобаста ба рушди зерсохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байнулмилалӣ расонидани мавзеи таърихию табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳи Қалъаи Ҳулбук ва Ячмун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, нуқтаҳои қабул барои сайёҳон, мағозаи фурӯши армуғонҳо (туҳфаҳо) ва дигар зерсохтори сайёҳӣ баррасӣ мешаванд.
Почему Душанбе назвали будущей столицей всей Азии?
Как частная школа "Империя знаний" сочетает бизнес и высококачественное образование
КЧС предупредил об угрозе лавин и камнепадов в горах Таджикистана
Дорогостоящая инаугурация Дональда Трампа: где ее смотреть
Кубок ФФТ-2025: Названа сумма призового фонда турнира
Саудовская Аравия вводит для паломников обязательную вакцинацию от менингита
Кто может стать балериной и куда поступить на дирижера в Таджикистане?
МИД Афганистана призвал отменить запрет на образование для женщин и девочек
В Китае казнили въехавшего в толпу пешеходов мужчину
В России перестанут действовать иностранные водительские права получивших ВНЖ, РВП или гражданство
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста