Бархе шахсони бо вируси норасоии масунияти одам ё ВНМО (ВИЧ) зиндагикунанда дар Тоҷикистон аз табъиз ва бадгуфторӣ аз сӯи ҷомеаи суннатӣ, аз ҷумла наздикону пайвандонашон нигаронӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 90 дарсаи аҳолии Тоҷикистон мусулмононанд ва ба гуфти рӯҳониён, ин дин бештар меҳрубониву таҳаммулпазириро талқин мекунад. Коршиносон мегӯянд, вазъ нисбат ба солҳои пеш беҳтар шудааст.

“Намоз мехонд, вале таҳқирам мекард”

Нигора, номи мустаори қаҳрамони мо аст, ки ҳанӯз соли 2015 баъди шавҳар кардан ба ВНМО эҳтимол аз шавҳараш мубтало шуд, ки аз муҳоҷират аз Русия “туҳфа” овард.

Ӯ мегӯяд, шавҳараш шахси мазҳабӣ буд ва ҳамеша намоз мехонду рӯза мегирифт, вале баъди фаҳмидани он ки ҳамсараш ба ВНМО гирифтор аст, на худро, балки ҳамсарашро гунаҳкор мекард ва ӯро бо ҳар баҳонае латукӯб мекард.

Нигораи 29-сола нақл кард, ки он вақт намедонист ба куҷо муроҷиат кунад ва як рӯз баъди латукўби зиёд ба хонаи волидонаш баргашт, вале дар он ҷо низ рӯзи хушро надид.

“Хонаводаам маро намефаҳмиданд. Ҳарчанд мегуфтам, ба ин беморӣ аз шавҳарам мубтало шудам, гуноҳе надорам, вале бефоида буд. Ҳатто бо ман сари як дастархон наменишастанд. Бо гузашти вақт ҳатто хонаводаам маро таҳқир мекарданд”, - шиква кард қаҳрамони мо.

Ӯ борҳо хост, худкушӣ кунад, то аз табъизу хушунати наздикону мардум раҳо шавад, вале дар ниҳоят аз ин роҳ баргашт ва ҳоло дар як хонаи иҷора дар Душанбе ва дур аз мардум зиндагӣ мекунад.

Акс аз un.org

Бо вуҷуди ин, Нигораро то ҳол рафтори шавҳар ва наздиконаш нигарон кардааст, ки ҳама мусулмон буданду пойбанди арзишҳои динӣ, ки чӣ гуна бо вуҷуди мусулмонӣ онҳо бо ӯ чунин бархўрд карданд.  

Мутаассифона, дар ҷомеа Нигора танҳо нест, ки барои бо ВНМО зиндагӣ кардан зери табъиз ва хушунати наздиконаш қарор гирифтааст.

“Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО”, як созмоне, ки ба мубталоёни ВНМО кумак мекунад, соли 2019 дар як пажӯҳиши худ дар байни гирифторони ин вирус маълум кард, ки бисёре аз онҳо аз табъизу зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа ранҷ мекашанд.

Ин созмон дар миёни 400 зани мубталои ВНМО дар чаҳор минтақаи Тоҷикистон пажӯҳиш анҷом дод ва ин занон гуфтаанд, аъзои хонавода ба онҳо муносибати бад доранд, ба айни рафтор ва табъиз дар ҷомеа дучор мешаванд.  

Вале рӯҳониён ва ходимони дини кишвар бо ишора ба суннутӣ будани ҷомеаи Тоҷикистон мегӯянд, дини ислом инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, адолат, бовиҷдонӣ, меҳрубонӣ ва дигар сифатҳои неки инсониро тарғиб мекунад ва маломат кардани дигарон, махсусан, ранҷонидани шахсоне, ки бо беморӣ зиндагӣ мекунанд, қабул надорад.

Имомхатибондар машғулиятҳо роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирии ВНМО-ро меомӯзанд

Абдураҳмон Ваҳобзода, муовини директори Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон эътироф кард, ки дар ҷомеа ҳанӯз падидаҳои нохуби таҳқиркунандаи шаъну шарафи шахсони гирифтори ВНМО ҷой дорад ва то ҳол ҷамъият ВНМО-ро бо стереотипҳои зиёд, ҳатто бо гуноҳкорӣ ва ҷазои Худо алоқаманд мекунад, ки ин нодуруст аст.

“Ягон таълимоти динӣ дар муносибат бо бемор бархўрди дурушт надорад. Умуман, динҳо аз назари муносибат ба инсон, новобаста аз дин ва миллат таҳаммулпазириро пеша мекунанд.

Худованд мефармояд, ки мусулмонон ба инсон эҳтиромона муносибат намоянд, одамонро таҳқир накунанд ва касеро мавриди истеҳзо қарор надиҳанд. Ҳамин тариқ, дини ислом нисбат ба шахсони гирифтори ВНМО ба некӣ, меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва эҳтиёткорӣ даъват мекунад”, - афзуд Абдураҳмон Ваҳобзода.

Нисбати 10 сол пеш ҷомеа дуниявитар шудааст

Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Латипов, ҳамоҳангсози барномавии “Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, назар ба 10 соли пеш табъиз ва тамғагузорӣ нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар ҷомеаи мусулмони Тоҷикистон тағйир ёфта, дар сатҳи паст қарор дорад.

“Мутобиқ ба мониторинге, ки мо тайи ду сол бо шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мегузаронем (онлайн ва офлайн) табъиз ва тамғагузорӣ нисбати 10 сол пеш каме поён рафтааст”, - гуфт ӯ.

Ба таъкиди номбурда, табъиз ва тамғагузорӣ бештар на ба статуси ВНМО, балки аз кадом гурӯҳҳои калидӣ будани онҳо рабт дорад. Зеро ҷомеаи суннатӣ тарзи ҳаёти зисти онҳоро қабул надорад, яъне нисбати нашъамандӣ, хидматрасонии шаҳвонӣ ва ҳамҷинсгароӣ вокуниш менамояд.

Ба гуфтаи Шуҳрат Латипов, ҳоло ҳатто дар маводҳое, ки дар расонаҳо вобаста ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда (бе назардошти аз кадом гурӯҳ буданашон) чоп шавад, аз тарафи ҷомеа ба табъиз ва тамғагузорӣ дучор намешавад.

Шуҳрат Латипов

“Вале агар гузориш оиди ягон гурӯҳи калидӣ (кормандони шаҳвонӣ, нашъамандони тазриқӣ ва ҳамҷинсгароён) бошад, вокуниши сахт, манфӣ, табъиз ва тамғагузорӣ сурат мегирад”, - афзуд ин коршиноси тоҷик.

Шуҳрат Латипов мегӯяд, ҳарчанд давоми солҳои охир муносибати аҳолӣ бо гирифторони ВНМО хуб шудааст, вале канорагирӣ аз онҳо ва ё ҳарос вуҷуд дорад.

“Масалан, вақте як кӯдак бо ВНМО зиндагӣ мекунад ва дар мактаб таҳсил мекунад, дар сурати бохабар шудани волидайни дигар хонандагон, кӯшиш мекунанд, кўдакро аз мактаб пеш кунанд ва ё агар нашуд, ба фарзандони худ таъкид мекунанд, ки бо он кӯдак салом ё бозӣ накунад”, - гуфт ӯ.

“Таъкид аз минбари масҷид таъсирноктар аст”

Ҷомеашиносон бо ишора ба суннатӣ будани ҷомеаи Тоҷикистон бар ин назаранд, масъалаҳое, ки дар минбари масҷид аз сӯи рӯҳониёну имомхатибон баррасӣ карда мешавад, таъсирноктар аст.

Ин аст, ки давоми чанд сол Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар бо имомхатибон машғулиятҳо гузаронида, роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирии ин вирусро ба онҳо меомўзонад, то онҳо дар мавъизаву суҳбатҳояшон муҳим будани масъаларо ба аҳолӣ расонанд.


Масъулини ин кумита иттилоъ доданд, ки дар ҳамкорӣ бо “Маркази ҳуқуқи инсон” соли равон 15 вохӯрӣ бо ширкати ҳудуди 700 имомхатиб гузарониданд, ки мавзӯи калидии онҳо роҳҳои сироят ва пешгирӣ аз ВНМО аст.

Ба гуфтаи вай, баъди омӯзиш имомхатибон муваззаф мешаванд, ки дар мавъизаву суҳбатҳояшон дар масҷидҳо ба аҳолӣ дониши гирифтаашонро пешкаш кунанд.

“Вақте ба воситаи ояту ҳадис ва аз даричаи дини ислом ворид мешавем, таъсирноктар аст. Воқеан, мушоҳида нишон медиҳад, ки вақте аз минбари масҷид бо овардани ояту ҳадис масъаларо мефаҳмонем, назари аҳолӣ ба гирифторони ВНМО дар аксари вақт иваз мешавад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Табъиз табобату ташхисро мушкилтар мекунад?

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои иҷтимоӣ ва коршиносон мегӯянд, агар табъизи гирифторон идома кунад, онҳоро ба пинҳонкорӣ мебарад, ки оқибати он барои худи беморон ва ҷомеа хатарнок аст.

Аз ҷумла, назорат ва сабту дармони беморон ва ҷилавгирӣ аз густариши вирусро мушкилтар мекунад.

Парвати Рамасвами, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон дар рӯнамоии гузориши нави ҷаҳонии “ЮНЭЙДС” дар бораи вазъи ВНМО, ки моҳи июли соли равон дар Душанбе баргузор шуда буд, гуфт, ки тамғагузорӣ ҷомеаро хароб мекунад, зеро он тарсу ҳарос, ҷаҳолат ва нафратро ба вуҷуд меорад.


“Аён аст, ки доғи тамға омили асосиест, ки кӯшишҳоро барои мубориза бо пандемия ва ноил шудан ба ҳадафҳои глобалии хотима додан ба ВНМО то соли 2030 бозмедорад. Доғи тамға натанҳо мушкилоти гирифторони ВНМО, балки мушкилоти ҳамаи мост, чунки инсонгароӣ ва ҳамбастагии љомеъаро вайрон мекунад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Латипов гуфт, табъиз ва тамғагузорӣ ба вазъи табобату ташхис таъсири ҷиддӣ мерасонад, инчунин, ба вазъи руҳии ин шахсон таъсири манфӣ мерасонад.

“Зеро ҳангоми надоштани ВНМО, ҳам табъизу тамғагузорӣ дар ҷомеаи суннатӣ нисбати гурӯҳҳои калидӣ (кормандони шаҳвонӣ, нашъамандони тазриқӣ ва ҳамҷинсгарон) вуҷуд дорад”, - зикр кард Шуҳрат Латипов.

Афзоиши шумораи гирифторони ВНМО

Аз соли 1991 то 2023 (шаш моҳи аввали соли равон) дар ҷумҳурӣ 15616 нафар гирифторони вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 9944 нафар мард ва 5672 нафар зан мебошанд, аз онҳо холо 11 ҳазору 104 нафар бо ВНМО зиндагӣ доранд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон 479 ҳазор ташхис барои маълум кардани ВНМО гузаронида шуда, дар натиҷа 587 ҳолати нави гирифторӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 29 ҳолат зиёд аст.


Алиҷон Солиев, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВНМО дар рӯнамоии гузориши нави ҷаҳонии ЮНЭЙДС дар бораи вазъи ВНМО, ки моҳи июл дар Душанбе баргузор шуд, гуфт, пештар нашъамандони тазриқӣ аз ВНМО бештар сироят меёфтанд, аммо солҳои охир олудашавӣ бо вируси норасоии масунияти одам бо роҳи алоқаи ҷинсӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

“Сироятёбӣ аз ВНМО махсусан дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба назар мерасад, ки сабабҳои асосиаш маълумоти кофӣ надоштани ҷавонон дар бораи ВНМО ва алоқаҳои ҷинсии хавфнок мебошад”,-зикр кард ин масъули Вазорати тандурустӣ.

Дору ва муҳити солим. Чӣ гирифторони ВНМО-ро даво мебахшад?

Барои муолиҷа ва кӯмак ба гирифторон дар кишвар созмонҳои байналмилалӣ бо пул ва доруворӣ кӯмак мекунанд, аммо гирифтори вирус, махсусан занон мегӯянд, барои онҳо беҳтарин даво муҳити солим ва пуштибонии ҷомеа аст.

Шуҳрат Латипов мегӯяд, ягона роҳи паст кардани табъиз ва тамғагузорӣ нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда кам кардани сафи олудашавӣ бо ВНМО дар байни гурӯҳҳои калидӣ аст.


Ҳарчанд ба андешаи вай пурра аз байн бурдани табъиз ва тамғагузорӣ на дар ҷомеаи суннатии мо ва ҳатто на дар ҷомеаи пешрафтаи Ғарб  ғайриимкон аст. Зеро дар ҳама ҷомеа новобаста ба суннатӣ ва ё пешрафта (дунявӣ) буданашон нисбати гурӯҳҳои калидӣ табъиз ва тамғагузорӣ вуҷуд дорад.

“Оморҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол дар сафи гуруҳҳои калидӣ олудашавӣ ба ВНМО ва табъизу тамғагузорӣ кам шуда истодааст. Ҳоло ҳадафи нави байналмиллалӣ “95-95-95” роҳандозӣ шуда истодааст, ки аз рӯи он нишондиҳандаҳои мавқеи Тоҷикистон  хело баланд аст”, - афзуд Шуҳрат Латипов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи 1-уми “95-95-95” ин фаро гирифтан ба корҳои профилактики ва ташхиси ВНМО  дар байни одамон инчунин гуруҳҳои калиди мебошад, ки дар Тоҷикистон ҳоло дар сатҳи 73,5 дар сад қарор дорад

Ҳадафи 2-ум, фарогирии ба табобати антиретровирусӣ (ART) дар байни шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки дар сатҳи 88,3 дар сад қарор дорад ва ҳадафи 3-ум, самаранокии муолиҷаи антиретровирусӣ (ART)  аст, ки Тоҷикистон дар сатҳи 87,5 дар сад қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.