Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин даъват кард, ки дар ҳолати аз иштирок дар амалиёти махсуси низомӣ даст кашидани муҳоҷирон, онҳо аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шаванд, менависад Интерфакс.
“Ҳоло, ки амалиёти махсуси низомӣ ҷараён дорад, ба фикрам, муҳоҷиронро ба он ҷалб кардан лозим аст. Агар ту шаҳрвандии Русияро доштаву омода набошӣ, ки уҳдадории ҳарбии худро иҷро кунӣ, пас тасмим гирифтан лозим аст, ки чунин шахсон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд”, - гуфтааст Бастрикин зимни як конфронси ҳарбиву илмӣ.
Навори суханронии раиси Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи панҷшанбе дар торнамои ин Кумита нашр шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Бастрикин, “пешбинӣ кардани расмиёти ҳатман гирифтани симкорти Русия аз замони вуруди муҳоҷир ба кишвар бо истифодаи ҳатмии он ҳангоми сохтани ҳуҷраи шахсӣ дар портали Госуслуги мувофиқи мақсад аст".
Тавре ки нашрияи Настоящее время менависад, дар бораи аз ҷониби Кремл ба ҷанг фиристодани муҳоҷирон бори нахуст як сол пеш хабарҳо интишор шуданд.
Моҳи октябри соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик хабар дод, ки дар маркази муҳоҷирати “Сахарово” дар Маскав ба муҳоҷирон қарордод дар бораи иштирок дар ҷангро барои имзо мегузоштаанд.
Моҳи августи соли 2023 бошад, дар чанде аз минтақаҳои Русия мақомоти қудратӣ дар мавриди ҷустуҷӯи мардоне, ки каме пештар шаҳрвандии Русияро гирифтаанду худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, рейдҳо гузарониданд.
Кормандони пулис дар маҳалҳои вохӯрӣ ё пайдо кардани онҳо, ба дасташон даъватнома супурда, онҳоро ба комисариати ҳарбӣ бурданд.
Баъдан маълум шуд, ки дар Русия ба ҷанги Украина натанҳо мардони муҳоҷир, балки занон - шаҳрвандони Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро ҷалб мекунанд.
Ба онҳо дар қисмҳои низомии мустақар дар қаламравҳои ғасбшудаи Украина ва бевосита дар хати ҷабҳа корҳо ба сифати ошпазу ҳамшираи шафқатро бо маоши баланд пешниҳод мекунанд.





Хлопушки снова взрываются. Напоминаем, какое наказание за их ввоз предусмотрено в Таджикистане
В Таджикистане усилят контроль над водопользованием
Милиция Душанбе раскрыла серию краж из автомобилей
Искусство как бизнес. Как сын таджикского художника превратил картины отца в успешный проект
Глава Минкультуры Казахстана прокомментировала уголовные дела против руководителей КазТАГ и Orda.kz
Форум «Цифровой театр»: в Душанбе показали, как бороться с цифровым насилием
Три таджикских специалиста прошли обучение в Академии Международной федерации дзюдо
«Эсхата Банк» запустил сервис переводов на карты UnionPay в Китае
В душанбинском цирке впервые выступят артисты из Италии
Редактор «Азия-Плюс» стал лауреатом премии «За активную гражданскую позицию в журналистике»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста