Тавре ки аз маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ бармеояд, рӯзҳои наздик боз борону барф меборад. Дар ин рӯзҳо маъмулан кори нақлиёти ҷамъиятӣ душвортар мешавад.

Дар «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин робита ҳоло зиёд кардани шумори нақлиёт дар назар нест, лекин ҷадвали кори он - вақти интизорӣ дар истгоҳҳо тағйир дода мешавад.

“Агар нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳҳо 5 дақиқа таваққуф мекард, пас дар вақти серҳаракатӣ (час пик) онҳо ҳамагӣ 3 дақиқа тавққуф мекунад. Мо шумори дақиқаҳои интизориро кам кардем”, - шарҳ доданд дар ширкат.

Тавре ки дар «Душанбенақлиётхадамотрасон» зикр карданд, ахиран бо сабаби афзоиши мусофирон дар пойтахт шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр аввали соли хониш 20% зиёд карда шуда буд.

Лекин сокинон хоҳ-нохоҳ аз камбуди он дар хатсайрҳои муайян шикоят мекарданд. Ҳолатҳои танбашавӣ дар роҳҳо бошад, акнун натанҳо дар соатҳои серҳаракӣ ба вуҷуд меоянд.

Ба қитъаҳои алоҳида таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, масалан шумори автобусҳо дар хатсайри №18 ва троллейбусҳо дар хатсайрҳои №№10 ва 2 зиёд карда шуд.

Дар корхона ҳамчунин илова намуданд, ки барои назорати кори нақлиёти ҷамъиятӣ комиссияҳои махсус ташкил карда шудаанд.

Ба Душанбе нақлиёти ҷамъиятии ғунҷоишаш зиёд лозим аст

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки мушкили норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамзамон ҳолатҳои танбашавии нақлиётро метавон тариқи танзим самаранок ҳаллу фасл кард.


Ба ақидаи мутахассиси қазоқ дар соҳаи сиёсати нақлиёт Елена Ерзакович, агар кӯчаҳои шоҳроҳҳо пур бошанду нақлиёт нарасад, шумори онро зиёд кардан ё дар хатсайрҳо гузоштани нақлиёти ғунҷоишаш зиёдтар лозим аст.

“Ё хатсайри автобусро ба хатсайри трамвай иваз кардан зарур аст, зеро трамвай миқдори хеле зиёдтари мусофиронро ғунҷонида метавонад”, - изҳор дошта буд номбурда ба “Азия-Плюс”.

Дар мо ҳоло мушкили микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-ро ҳал карда наметавонанд, дар бораи трамвай сухан гуфтан ҳоло барвақт аст. Замоне бо сабаби маҳз аз ҷониби маршруткаҳо ба вуҷуд овардани ҳолатҳои танбашавӣ равуои онҳоро қатъ карданӣ буданд. Лекин имрӯз ҳам онҳо дар шаҳр равуо доранд ва гоҳе натанҳо ба ҳолати танбашавии нақлиёт, балки ҳодисаҳои садамаи нақлиёт низ боис мегарданд. Лекин аҳолӣ аз хидматрасонии онҳо бештар истифода мебарад.

Ба ин тариқ, имрӯз дар пойтахт зиёда аз 85 ҳазор адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла 623 автобус, 104 троллейбус, 1557 микроавтобус (маршрутка) ва 4350 таксӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳама камтар маҳз автобусу троллейбусҳоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.